Ҳамкории пурсамар дар доираи лоиҳаҳои ЮНЕСКО

Бинанда: 160 | Санаи нашр: 21 Декабр 2024

Дар доираи созишномаи ҳамкори байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ва Донишгоҳи байналмилалии Ҳандонги Корея санаи 20 декабри 2024, профессор Кисок Ким, профессор Кимён Сон и профессор Дайён Чо ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин ташриф бо мақсади иҷрои бандҳои созишномаи ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ сурат гирифт.

Ташрифи намояндагони Донишгоҳи  байналмилалии Ҳандонг дар заминаи рушди муносибатҳои таълимиву илмӣ ва фарҳангӣ байни ду донишгоҳ сурат гирифт. Дар доираи ин меҳмононро муовини ректори оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, Ҷамшед Машокиров  хайрамақдам гуфта ва бо ҳайати меҳмонон бо мақсади баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ ва таъсиси лоиҳаҳои муштарак мулоқоти судманд анҷом доданд. Инчунин, намояндагони Донишгоҳи байналмилалии Ҳандонг бо омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ дар бораи ташкили курсҳои барномасозии JavaScript, PHP, Java ва Python дар доиари лоиҳаҳои  ЮНЕСКО, ки донишгоҳи мазкур аъзои он аст, суҳбат намуданд. Ин мулоқот метавонад барои тасмимгирӣ оид татбиқи шурӯи курсҳо, ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин омодагӣ барои ба роҳ мондани таълимоти расмии барномасозии замонавӣ муҳим бошад.

Ҳамин тавр, ташкили курсҳои барномасозӣ метавонад барои донишҷӯён имкониятҳои нави омӯхтан ва рушди малакаҳои техникӣ фароҳам орад, ки барои пешбурди иқтисодиёти рақамӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар зарур мебошад.

Ташрифи намояндагони Донишгоҳи байналмилалии Ҳандонги Корея на танҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат намояд, балки барои донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ имкониятҳои наве барои таҳсил ва омӯзиш фароҳам меоварад. Ҳайати меҳмонон ба корномаҳои таълимӣ ва тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таваҷҷуҳ нишон доданд, ки ин метавонад барои донишгоҳ нақши муҳимеро дар саҳнаи байналмилалӣ бозад.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top