16 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Рӯзи иттилоотии барномаи Эразмус+ аз ҷониби Дафтари миллии Эразмус+ дар Тоҷикистон таҳти унвони "Имкониятҳои Эразмус+ дар Тоҷикистон: ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ" баргузор гардид. Маълум аст, ки барномаи Эразмус+ барои мусоидат дар раванди модернизатсия ва рушди устувори низомҳои таҳсилот ва омӯзиш, дастгирии рушди сиёсати ҷавонон ва варзиш, инчунин такмили малакаҳо ва баланд бардоштани имкониятҳои шуғли ҷомеъ нигаронида шудааст.
Дар ин чорабинӣ муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарон, ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) иштирок доштанд: ректори донишгоҳ, профессор Хайрулло Назарзода, Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед, Профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова Зарина, Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва мубодилаи академӣ Абдуллоев Бахтиёр, Мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Рустамзода Фитрат, Омӯзгори калони кафедраи фаъолияти бонкӣ Ниёзов Шамс; Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Нурмуҳаммади Алиавсат инчунин донишҷӯёни факултети Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук.
Аз номи ДДТТ, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров дар мавзӯи "Таҷрибаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои барномаи Эразмус+ (КА1 ва КА2)" маърӯза ва сӯханронӣ намуд. Ӯ дар суханронии худ аз дастовардҳои донишгоҳ дар татбиқи лоиҳаҳои барномаи Эразмус+, аз ҷумла натиҷаҳои бадастомадаи лоиҳаҳои ҷорӣ (CBHE) – E 4 TLI (Technology Literacy and Inclusion) ва CIRCULEC (Development of innovative curricula and modules in Circular Economy and Sustainable Development) ишора кард.
Лоиҳаи E4 TLI ба навсозии донишҳои ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин ҷомеа дар самти табдили рақамӣ равона шудааст. Лоиҳаи CirculEC ба афзоиши иқтидори сармояи инсонӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор бахшида шудааст.
Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни Рӯзи иттилоотӣ ба натиҷаҳои ин лоиҳаҳои ДДТТ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ки ин аз аҳамият ва мубрамияти ташаббусҳои пешниҳодшуда шаҳодат медиҳад.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ