Таҳкими боварии мутақобилан судманд ва мусоидат ба ҳамкории самарабахш

Бинанда: 167 | Санаи нашр: 02 Декабр 2024

Дар санаи 23 то 30 ноябри соли 2024 ташрифи профессор Назарзода Хайрулло Холназар, Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Абдуллоев Бахтиёр Толибҷонович, Сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ, Абдуллозода Нурмуҳаммади Алиавсат, мутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ба Донишгоҳи иқтисод ва тиҷорати байналмилалӣ дар шаҳри Пекин, Ҷумҳурии Халқии Хитой сурат гирифт, ки метавонад барои ҳар ду донишгоҳ имкониятҳои ҳамкории нав, табодули илмӣ, таҷриба ва пешбурди робитаҳои байналмилалӣ фароҳам оварад.

 Дар доираи ин ташриф Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, профессор Назарзода Хайрулло Холназар вохӯрии самарабахш бо президенти Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод, профессор Чжао Чжунсиу, сурат гирифт. Ин вохӯрӣ барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои таълим, илм ва иқтисоди сабз барои ҳар ду муассиса аҳамияти махсус дошт.

Вохӯрӣ бо мақсади баррасии имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таълим ва таҳсилот, ба монанди барномаҳои мубодилаи донишҷӯён, курсҳои таҷрибаомӯзии дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши иқтисоди сабз ва энергияи сабз баргузор гардид. Инчунин, баррасии имкониятҳои ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, ки метавонад ба донишҷӯён ва омӯзгорон имконият фароҳам оварад, ки дар лоиҳаҳои муштарак дар бахши иқтисоди сабз ва тиҷорати байналмилалӣ шомил шаванд. Ҳамчунин суҳбатҳо нисбат ба ташкили семинарҳо, конференсияҳо ва симпозиумҳо дар мавзӯъҳои муҳим, ба монанди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, сиёсати тиҷорати байналмилалӣ, иқтисоди сабз сурат гирифт.

Дар доираи суҳбат қайд карда шуд, ки Донишгоҳи давлтаии тиҷорати Тоҷикистн дар соҳаи суғурта ва рушди иқтисоди сабз бартариҳои муҳимеро дар байни МТОК-и ҷумҳурӣ доро буда, ҳамчунин донишгоҳи базави дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши суғурта ба ҳисоб меравад. Ин ду соҳа ба афзалиятҳои касбии ҳарду ҷониб хело мувофиқ мебошанд. Аз ҷумла, метавон дар доираи ташаббусҳои «Як камарбанд, як роҳ» ва барномаҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай имконияти роҳандозии лоиҳаҳои илмӣ, табодули таҷриба ва ҳамкориро амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Инчунин, умедвори дар он аст, ки ин ду муассисаи олӣ метавонанд якҷоя ба инноватсияҳои тадқиқоти илмӣ ва ҳамгироии захираҳои таълимӣ дар соҳаҳои қудрати худ мусоидат намуда дар ин чаҳорчуба метавонанд ҳамкориҳоро ба роҳ монанд ва дар пешбурди рушди муштараки ҳарду ҷониб саҳми мусбат гузоранд.

Ин вохӯрӣ инчунин нисбат ба баррасии имкониятҳои робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байнифарҳангӣ, ки барои таҳкими фаҳмиш ва эҳтиром байни фарҳангҳои гуногун ва кишварҳои дуҷониба муҳим аст. Ин ҳамкориҳо метавонанд шиносоии бештар барои донишҷӯён ва омӯзгорон бо фарҳангҳо, таърихи кишварҳо ва таҷрибаҳои ҳарду мамлакатро фароҳам оваранд. Дар доираи ин вохӯрӣ ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани фаҳмиш байни кишварҳо ва рушду равнақи ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард. Ташрифи Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва вохӯрии ӯ бо президенти Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод дар шаҳри Пекин як қадами муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба, омӯзиш ва илм дар сатҳи байналмилалӣ аст.

Ҳамчунин намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба Донишгоҳи иқтисод ва тиҷорати байналмилалӣ дар шаҳри Пекин, вохӯри бо профессор Тиедонг Ванг, директори Мактаби тиҷоратии ин донишгоҳ, баргузор гардид. Ин вохӯрӣ барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва ба амал баровардани лоиҳаҳои муштарак дар бахши табодули таҷриба, иқтисоди сабз, омодасозии курсҳои кутоҳмудат, таҷрибаомӯзӣ дар бахшҳои муҳими барои ҳар ду донишгоҳ аҳамияти зиёд дошта баргузор гардид.

Ташрифи намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва вохӯрии онҳо бо намояндагони Донишгоҳи иқтисод ва тиҷорати байналмилалӣ дар шаҳри Пекин як гомест барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди таълим ва робитаҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top