ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ КИМИЁӢ ВА ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ПРАГА БА ДДТТ

Бинанда: 344 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2024

Санаи 8-уми ноябри соли ҷорӣ ташрифи намояндагони Донишгоҳи кимиёӣ ва технологии Прага, Ҷумҳурии Чехия  ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сурат гирифт. Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент  Қурбонов Абдукарим Раҳимович, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ва Сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ, н.и.т., дотсент Абдуллоев Бахтиёр Толибҷонович меҳмонро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чехия, ба хусус дар соҳаи илму маориф изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд. 

Густариши ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи кимиёӣ ва технологии Прага, Ҷумҳурии Чехия  бо Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон метавонад як марҳалаи муҳим барои таҳкими робитаҳои таълимӣ, илмӣ ва технологӣ байни кишварҳо ва донишгоҳҳо бошад. Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муносибатҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён дар асоси шартномаи мавҷудбуда корҳои амалӣ дар соҳаи таҳсилот ва илм иҷро карда шавад. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамкориро дар самтҳои зерин ба нақша гирифта шуд:

- ҳамкорӣ дар бахши таҳсилот ва илм;

- табодули академии донишҷӯён ва кормандони илмию омӯзгорӣ;

- мубодилаи иттилоот ва интишороти муштарак;

- ташкили конференсияҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои илмии муштарак;

- табодули таҷриба;

-дастгирии таҳсилоти байналмилалӣ.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо ба зуддӣ роҳандозӣ намуда, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва шартномаи ҳамкорӣ табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ ба роҳ монда шаванд.

Аз ҷониби муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилал ва  сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ  ба намояндагони Донишгоҳи кимиёӣ ва технологии шаҳри Прага туҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун рамзи эҳтирому равобити дӯстиву ҳамкорӣ тақдим карда шуд.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top