Дар доираи барномаи табодули академии омӯзгорон аз ҷониби Донишгоҳи Крагуеватс (University of Kragujevac) Ҷумҳурии Сербия ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Эразмус+ КА171 профессори факултети иқтисодиёти донишгоҳи мазкур Неманя Лоянитса аз 7-уми октябр то 12-уми октябри соли 2024 ҷиҳати гузаронидани дарсҳои лексионӣ ба донишҷӯён ва унвонҷӯёни донишгоҳ ташриф оварданд.
Ин ташриф, ки дар доираи лоиҳаи Эразмус+ КА171 сурат гирифт, имкониятҳои нави таълимӣ ва ҳамкориҳои академиро барои донишҷӯён ва омӯзгорон дар байни донишгоҳҳои ҳамкор фароҳам меорад. Ҳамчунин ин ташриф ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва беҳтар кардани сифат ва омӯхтани таҷрибаи таълими дар байни донишгоҳҳои шарик мусоидат мекунад.
Инчунин, профессор Неманя Лоянитса бо донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯҳои макроиқтисодӣ, таъсири сиёсати макроиқтисодӣ ба рушди иқтисодӣ, таҳлили мушаххаси эмпирикӣ ва дигар мавзӯҳои мубрам бо донишҷӯёни донишгоҳ дарсҳои намунавӣ гузаштанд.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ