МУҲОКИМАИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРИИ СУДМАНД ДАР ДОИРАИ ЭРАЗМУС+ КА 171

Бинанда: 390 | Санаи нашр: 22 Октябр 2024

Санаи 14 - 21 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи Кастамону, Туркия (University Kastamonu) дар доираи барномаи Эразмус+ КА171 1-умин ҳафтаи байналмилалии кормандони 20 донишгоҳҳои бонуфуз аз 18 кишвар, аз ҷумла, Африқои Шимолу Ғарбӣ, Иттиҳоди Аврупо, Осиё, Осиёи Миёна баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Рустамзода Фитрат Музафар ва мутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ Нурмуҳаммади Абдуллозода иштирок намуданд.

Донишгоҳи Кастамону зиёда аз 200 барномаҳои зинаҳои бакалавриат ва магистратураро дар бахшҳои иқтисод, маориф, сайёҳӣ, муҳандисӣ, меъморӣ, илмҳои тиб, варзиш, коммуникатсия, илмҳои гуманитарӣ, авиатсия, технология ва санъати тасвириро барои донишҷӯён пешниҳод мекунад ва доираи барномаи табодулии Эрасмус+ бо 92 донишгоҳҳои Аврупо, Осиё, Осиёи Миёна ва Африқо шартномаҳои табодулӣ, таҷрибаомӯзӣ ва сафарбарии омӯзгоронро ба роҳ мондааст.

Дар ҷараёни сафар вохӯрии намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор дар доираи барномаи Эрасмус+ КА171 бо иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи Эрасмус+ КА171 гӯшаи намоишҳо (presentation desks) бо иштироки донишгоҳҳои иштирокчӣ ташкил карда шуд. Намояндагони донишгоҳ бо брошураҳо, презентатсияҳо ва видео-роликҳо имкониятҳои таълимӣ, илмӣ ва байналмилалии донишгоҳро муаррифӣ намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ суҳбати кории намояндагони донишгоҳ бо ректори Донишгоҳи Кастамону профессор Аҳмад Ҳамди Топал ва декани факултети иқтисодиёт ва ҳайати омӯзгорону профессорони факултети мазкур баргузор гардид.

Сипас, дар факултети иқтисодиёт семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он. Фитрат Рустамзода ва Нурмуҳаммади Абдуллозода оид ба мавқеи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар байни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ, таҳсилоти босифат, технология ва инноватсия суханронӣ намуданд. Дар хотимаи семинар намояндагони донишгоҳҳо дар доираи барномаи Эразмус+ баррасии лоиҳаҳои навбатиро дар самти иқтисоди сабз, энергияи сабз туризм, менеҷмент, молия ва бонкдорӣ мувофиқи мақсад шумориданд.

Дар фарҷоми 1-умин ҳафтаи байналмилалии кормандон дар доираи барномаи Эразмус+ КА171 ректори донишгоҳи Кастамону профессор Аҳмад Ҳамди Топал ба иштирокчиён сертификатҳоро супорид.

 

 

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top