Донишгоҳи давлатиии тиҷорати Тоҷикистон аз соли 2023 инҷониб иштирокчии лоиҳаи MOCCA (Multilevel orders of Corruption in Central Asia) мебошад. Ин лоиҳа аз тарафи Донишгоҳи Лунди Шветсия ҳамоҳанг карда мешавад. MOCCA як барномаи таҳқиқотӣ ва табодулии кормандони академикии донишгоҳҳои Аврупои Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ аст, ки барои саҳмгузорӣ дар талошҳои ҷаҳонӣ ва миллӣ ҷиҳати фаҳмидан ва паст кардани таъсири ҳодисаҳои коррупсионӣ тарҳрезӣ шудааст. MOCCA лоиҳаи 4-солаи тадҳиқотӣ ва таълимӣ мебошад, ки аз ҷониби барномаи “Horizon” - Комиссияи Аврупоӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Аз 16 август то 16 октябри соли ҷорӣ 2 нафар намояндагони ДДТТ, профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова З.Х. ва дотсенти кафедраи номбурда Исматуллоев И.У. таҷрибаомӯзиро дар донишгоҳҳои пешрафтаи шарикони аврупоӣ - Донишгоҳи Лунд (Шветсия) ва Донишгоҳи Карлов (Чехия) анҷом доданд.
Дар рафти таҷрибаомӯзӣ имконияти зиёди вохуриҳо ва суҳбатҳо бо устодону профессорон оид ба мавзуъ ва методологияи таҳқиқот ба миён омад. Аз ҷумла чунин вохуриҳо бо ҳайати омӯзгорони факултети илмҳои иҷтимоии донишгоҳҳои Лунд ва Карлов, бо устодону профессорони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишгоҳи Медиполи Истанбули Туркия, ки ҳамзамон дар Лунд ва Прага таҷрибаомӯзӣ мекарданд, баргузор гаштанд. Иштирокдорони таҷрибаомузӣ аз маҷмӯаи ғании адабиёти илмии китобхонаҳо, аз он ҷумла китобхонаи электронии донишгоҳҳои Лунд ва Карлов истифода бурда, дар раванди муҳокима ва ниҳоятан дифоъи рисолаи илмӣ барои гирифтани унвони PhD иштирок намуданд. Дар ҷараёни таҷрибаомузӣ устодони ДДТТ барои донишҷӯёни Донишгоҳи Карлов дарсҳои намунавӣ аз фанҳои “Иқтисоди корхона” ва “Асосҳои соҳибкорӣ” гузаронданд.
Илова бар ин, зимни таҷрибаомӯзӣ дар Донишгоҳи Карлов намояндагони ДДТТ бо намояндагони ду донишгоҳи пешбари ин кишвар Донишгоҳи Метрополитении Прага ва Донишгоҳи Иқтисодии Прага (HSE), ки ба масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат машғуланд, вохурданд. Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои тадриси фанҳои самти иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, корҳои таълимӣ, методӣ ва таҳқиқотӣ дар донишгоҳҳо ва имконоти ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Дар охири моҳи октябри соли 2024 дар доираи лоиҳаи MOCCA бо роҳбарони лоиҳа семинари онлайн баргузор мегардад, ки дар он иштирокчиёни барнома аз донишгоҳҳои гуногун оид ба натиҷаҳои корҳои илмии худ баромад мекунанд.