ҶОНИБҲОИ МАНФИАТДОР ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ ДАВРӢ

Бинанда: 370 | Санаи нашр: 09 Октябр 2024

5 октябри соли 2024 ба таври маҷозӣ семинари «Таҳлили вазъи рушди иқтисодиёти даврӣ ва натиҷаҳои он барои ҷонибҳои манфиатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон)» баргузор гардид. Семинари мазкур дар доираи  лоиҳаи CirculEC “Таҳияи барномаҳо ва модулҳои инноватсионии омӯзишии иқтисоди даврӣ ва рушди устувор» -и барномаи Эразмус+ ташкил карда шуд. Ин лоиҳа барои баланд бардоштани иқтидори сармояи инсонӣ аз нигоҳи иқтисоди даврӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ равона карда шудааст ва яке аз ҳадафҳои он таъмин намудани кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо бо малака ва салоҳиятҳои ҷавобгу ба талаботи бозорҳои маҳаллӣ ва экологияи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Мақсади асосии баргузории семинар тасдиқи натиҷаҳои таҳлили Stay of Play ва мувофиқ сохтани онҳо бо таҷриба ва интизориҳои ҷонибҳои манфиатдор буд. Таҳлили номбурда бо машваратҳои намояндагони бизнес, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту мақомотҳо, ки дар семинари мазкур фаъолона иштирок намуданд,  омода карда шуд.

Бояд зикр кард, ки тарафҳои манфиатдор дар рушди иқтисодиёти даврӣ нақши муҳим доранд ва саъю кушиши якҷояи онҳо  барои ба вучуд овардани иқтисоди даврӣ ва сарфакорона истифода намудани захираҳо дар оянда хеле муҳим аст.

Семинаре, ки доир гардид, ба иштирокчиёни он таассуроти зиёд  бахшид ва самтҳои наверо барои  ташаббусҳои минбаъдаи якҷоя фароҳам овард.

 

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top