Рӯзҳои 8-10 январи соли 2024 дар шаҳри Билбаои Испания вохӯрии навбатии ҳамкорони Лоиҳаи таҳсилотӣ барои баланд бардоштани саводнокии технологӣ ва фарогирӣ ҷиҳати муҳокимаи натиҷаҳои татбиқи лоиҳа - Education for Technological Literacy and Inclusion (E4TLI) баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Заррина Қодирова ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ Бахтиёр Абдуллоев иштирок намуда, доир ба татбиқи лоиҳа ва натиҷаҳои он гузориш доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамкорони лоиҳа ба қароре омаданд, ки дар конференсияи навбатии ICITED 24, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Португалия доир мегардад, натиҷаҳои назарраси лоиҳа, аз ҷумла дид ба методологияи нави таълими «Data Mining, Augmented reality, Virtual Reality, Streaming, Blockchain, Cybersecurity, Coding and Software programming» - ро баррасӣ намоянд.