Тахсил дар Донишгоҳи Кадизи (Universidad de Cádiz) Шоҳигарии Испания дар доираи барномаи Эразмус+ КА171

Бинанда: 1851 | Санаи нашр: 19 Апрел 2023

Ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки Донишгоҳи Кадизи (Universidad de Cádiz) Шоҳигарии Испания дар доираи барномаи Эразмус+ КА171 барои донандагони забонҳои испанӣ ва англисӣ бурсия дар соли таҳсили 2023-2024 дар донишгоҳи номбурда пешниҳод менамояд.

Талаботҳо:

  1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ;
  2. Транскрипт (ҳадди ақал GPA 3.2);
  1. Сертификати забонҳои испанӣ ва англисӣ (B1, B2);
  2. Мактуби ангезавӣ (motivation letter);
  3. Тавсиянома (2 дона);
  4. Дипломи дараҷаи бакалавриатура (барои магистратура);
  5. Лоиҳаи рисолаи магистрӣ (барои магистратура);

Барои маълумоти муфассал: https://www.uca.es/

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 05.05.2023

Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, 

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top