20-уми апрели соли 2025 дар доираи барномаи табодули академӣ сафари ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ, табодули таҷриба ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
гурӯҳи омӯзгорон ва донишҷӯён тибқи барномаи табодули академӣ ба шаҳри Гомел сафарбар гардиданд.
Дар ҷараёни сафар ҳайати ДДТТ бо фаъолияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомел шинос шуда, дар мулоқотҳои судманд бо роҳбарият ва омӯзгорони донишгоҳ ширкат намуданд. Инчунин, дар доираи табодули академӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорон муаррифии сохторҳои муассисаи таълимӣ, марказҳои фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихии шаҳри Гомел ташкил карда шуд.
26-уми апрели соли 2025 дар доираи барнома семинари байналмилалӣ таҳти унвони "Тоҷикистон-Беларус: дӯстӣ бидуни марз" баргузор гардид, ки ҳадафи он таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва густариши имкониятҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ, аз ҷумла муовини аввали ректор, н.и.и., дотсент Наталья Александровна Сниткова, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.т., дотсент Екатерина Петровна Багрянцева, муовини ректор оид ба идеология ва корҳои тарбиявӣ, н.и.и., дотсент Владимир Андреевич Мищенко, декани факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ, н.и.и., дотсент Наталья Васильевна Лацкевич, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Мария Владимировна Тимошенко, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Ольга Михайловна Максимчикова, инчунин омӯзгорону донишҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус ва Шоҳигарии Марокаш ширкат варзиданд.
Дар рафти семинар масъалаҳои марбут ба нақши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таҳкими равобити таълимӣ ва илмӣ, рушди барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҳайати ДДТТ рӯнамоии асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои илмию таълимии ДДТТ, фарҳанг, анъанаҳо ва таомҳои миллии тоҷикиро ташкил ва пешниҳоди меҳмонон намуданд. Намоиш бо завқи баланд истиқбол гардида, ба меҳмонон имконият фароҳам овард, ки бо таъриху фарҳанги ғании тоҷикон аз наздик шинос шаванд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, бо мақсади қадрдонӣ аз иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар ташкили семинари байналмилалӣ, ҳамаи иштирокчиёни фаъол – донишҷӯён ва омӯзгорон – бо сертификатҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Барои донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТТ табодули академии мазкур ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда байни ду муассисаи таълимӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ