Дарси намунавии профессорони Донишгоҳи байналмилалии Ҳандонг дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Бинанда: 181 | Санаи нашр: 24 декабря 2024

Санаи 23 декабри соли 2024 дар  доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ва Донишгоҳи байналмилалии Ҳандонги Корея профессор Кисок Ким, ва профессор Дайён Чо ба донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯҳои  “Тамоюлҳои технологии навтарин дар зеҳни ҳушманд (AI) ва ChatGPT дар хизматрасониҳои молиявӣ”

дарси намунавӣ сурат гирифт. 

Дар доираи ин профессор Кисок Ким  дар мавзӯи “ChatGPT дар хизматрасониҳои молиявӣ”  якчанд аспекти муҳим ва шифоҳии ин мавзӯъро барои донишҷӯён шарҳ доданд. Вобаста ба тараққиёти таърихии истифодаи модели забонҳои сунъӣ, махсусан ChatGPT, дар соҳаи молия ва хизматрасониҳои молиявӣ нисбат ба автоматизатсияи хидматҳо, таҳлили маълумотҳо, аз қабили таҳлили бозорҳои молиявӣ, пайгирии эҳтимолияти тағйироти қурби асъор ё бахшҳои дигари иқтисодӣ, монеаҳо дар истифодаи ChatGPT дар молия ва  аҳамияти таҳлил ва истифодаи ChatGPT дар хидматрасонии молиявиро  нишон дода, гуфта гузаштанд, ки чӣ гуна ин технологияҳо метавонанд равандҳои молиявиро осонтар ва самараноктар кунанд, вале ҳамзамон талаб мекунад, ки ҳамкории инсон ва машина таъмин шавад, то ба натиҷаҳои беҳтарин расем.

Инчунин, профессор Дайён Чо дар мавзӯи “Тамоюлҳои технологии навтарин дар зеҳни ҳушманд (AI)” ба донишҷӯён равандҳо ва дастовардҳои нав, ки метавонанд барои донишҷӯён ва навоварон хеле таъсирбахш ва муҳим бошанд гуфта гузашт. Ва ҳамчунин вобаста ба тамоюлҳои AI дар соҳаҳои мухталиф, моделҳои таълимӣ, истифодаи AI дар таҳлил ва татқиқот  суҳбат намуданд. Ба таври умум, профессор Кисок Ким ба донишҷӯён маърифати амиқ ва самарабахш дар бораи равандҳои таҳаввул ё муаррифии AI - ро, ки дар рушди ҷаҳони имрӯза ва таҷрибаҳои илмӣ гуфта гузаштанд.

Дар рафти лексия байни донишҷӯён ва омӯзгорон табодули афкор сурат гирифт, ки ин имкони муҳокимаи амиқ ва фаҳмидани ҷонибҳои мухталифи мавзуҳоро тарҳрезӣ менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки ташрифи намояндагони Донишгоҳи глобалии Ҳандонг дар доираи лоиҳаҳои  ЮНЕСКО, ки донишгоҳи мазкур аъзои он аст, сурат гирифта ва гузаштани якчанд лексияҳои онлайнӣ ва ҳузурӣ ва ҳамчунин табодули академии омӯзгорону донишҷӯён дар соли таҳсили 2025-2026 дар назар аст.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top