ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС

Бинанда: 713 | Санаи нашр: 09 ноября 2024

Аз 30 октябр то 4 ноябри соли 2024 сардори Маркази инноватсионӣ ва парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Мухторзода Саидмухтори Саидаҳрор дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Кооператсияи матлуботи давлатҳои пасошӯравӣ: ҳолат, мушкилот ва дурнамо», ки дар Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус баргузор гардид, иштирок намуд. Конференсия бахшида ба 60-солагии донишгоҳи мазкур баргузор гардида, намояндагони муассисаҳои пешбари таълимӣ ва илмии минтақаро гирдиҳам овард.

Зимни сафари корӣ вохӯрии намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус баргузор гардид, ки дар он масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар бахшҳои табодули академӣ, лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва густариши технологияҳои инноватсионӣ баррасӣ карда шуд. Мухторзода С. С. дар ҷараёни конференсия бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи «Хатарҳои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар бахшҳои мухталифи фаъолияти кооперативӣ» баромад намуда, аҳамияти ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷоратро таъкид кард.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ, ректори Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Светлана Лебедова ба ҳамаи иштирокчиён, аз ҷумла намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, сертификатҳо супорида, барои иштироки фаъол миннатдорӣ баён намуд. Тарафҳо изҳори умедворӣ карданд, ки ин ҳамкорӣ ба рушди илм ва таҳсилот дар ҳар ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top