ОМОДАГИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ БАРОИ ОЗМУНИ 'АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ' ДАР АЛМААТО

Бинанда: 485 | Санаи нашр: 02 ноября 2024

Аз 24 то 29 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи Каспий (Caspian University), шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, омӯзиши Vis Moot барои омодагӣ ба озмуни "Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ" баргузор гардид. Дар он 9 донишгоҳ аз 4 кишвари Осиё иштирок доштанд. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар ин омӯзиш номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Гайратов Тимуршо Муборакшоевич роҳбарӣ намуд ва ҳайати даста аз донишҷӯён Гадоев Абубакр, Раҳмони Эмомалӣ, Нусайриева Шафоат ва Файзалиев Фаррух иборат буд.

Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратӣ як дафтари кӯмаки техникии ҳуқуқӣ дар Вазорати тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст. Он барои беҳтар кардани шароитҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва меъёрӣ дар иқтисодҳои рӯ ба рушд кор мекунад. Барнома ба ҳукуматҳои кишварҳои мизбон кӯмаки техникию ҳуқуқӣ, машварат дар самти қонунгузорӣ, сиёсатгузорӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалиро пешкаш менамояд, то ҳадафҳои рушди иқтисодии онҳо дастгирӣ шавад.

Барномаи Vis Moot, ки ҳалли алтернативии баҳсҳо (ADR) ва муҳити ҳуқуқии беҳтари соҳибкориро ҳадаф гузоштааст, бо ҷомеаи ADR, аз ҷумла ҳукуматҳо, судҳо, муассисаҳои ADR, донишҷӯён ва ҷомеаи тиҷоратӣ ҳамкорӣ мекунад. Ин барнома барои беҳтар кардани инфрасохтори ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, омӯзиш ва сертификатсия мусоидат намуда, донишҷӯёнро ба иштироки фаъолона дар озмуни “Арбитражи байналмилалии Тиҷоратӣ Vis Moot” ташвиқ мекунад.

Дар рафти омӯзиши Vis Moot дар моҳи октябр, донишҷӯён, мушовирони факултет ва тренерҳои байналмилалӣ аз минтақа барои омӯзиши амиқи Vis Moot ва Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар шаҳри Алмаато ҷамъ омаданд. Ҳамаи дастаҳо тибқи барнома аз санаи 22-юми марти 2025 то 27 март барои мустаҳкам намудани дониши худ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон ва аз 30 март то 6 апрели 2025 барои иштирок дар мусобиқа ба шаҳри Гонг Конг сафар хоҳанд кард. Донишгоҳҳои ширкаткунанда дар ин чорабинӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон мебошанд.

Дар фарҷоми барномаи октябрӣ дар Донишгоҳи Каспий, шаҳри Алмаато, ба иштирокчиёни фаъоли барнома сертификатҳо супорида шуданд. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Гадоев Абубакр низ барои иштироки фаъолонааш аз ҷониби муовини сармушовири Департаменти тиҷоратии ИМА, Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратӣ, Змарк Хон сертификат гирифт.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top