Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ Тарбия Муовини ректор оид ба тарбия

Акрамов Файз Маҳрамович

муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ – раёсат

н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳо

_______________________________________________________________________________________________________________________________________

Акрамов Ф.М. дар мансаби муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ фаъолияти ғайритаълимии дониҷȳӣ, рушди ҳаракати ризокорӣ, корҳои тарбиявӣ, амалҳои иҷтимоӣ ва хидматрасонии тиббиро назорат мекунад.

Акрамов Ф.М. 20 январи соли 1963 дар ноҳияи Рȳдакӣ ба дунё омадааст.

Соли 1986 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст.

Аз соли 1985 ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии халқӣ-демократии Яман кор кардааст.

Соли 1986 ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Сурияи Араб ба кор қабул карда шуда буд.

Аз соли 1989 дар вазифаи тарҷумон дар иттиҳодияи «Зарубежтехнотранс»  шаҳри Москваи Федератсияи Россия фаъолият кардааст.

Аз соли 1990 то соли 2005 дар вазифаҳои тарҷумон, ассистент, муаллими калон, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, ҷонишини декани факултети  иқтисодиёти  ҷаҳон  ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият бурдааст.

Соли 1999 Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар савдо ва хȳроки омма хатм намудааст.

Худи ҳамин сол Акрамов Ф.М. рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифо намуда, сазовори унвони номзади илмҳои филологӣ гардидааст.

Соли 2005 ба ҳайси декани факултети муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз соли 2011 дар вазифаи муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст.

Соли 2014 ба вазифаи муовини ректор оид ба таълиму тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз октябри соли 2017 ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ко рва фаъолият дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Тарбия Муовини ректор оид ба тарбия