Шуъбаи кор бо ҷавонон

Шуъбаи кор бо ҷавонон аз ҷумлаи воҳидҳои таркибии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шумор рафта, бо сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ ҳамкории судманд дорад.

Шуъба 31-уми декабри соли 2020 дар заминаи шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони донишгоҳ таъсис ёфта; ҳайати кормандони он аз мудири шуъба, сармутахассис ва мутахассис иборат мебошад. Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ муовинони декан оид ба тарбия шуъбаи кор бо ҷавононро намояндагӣ мекунанд.

Ҳайати мутахассисони шуъба бо мақсади самаранок ба роҳ мондани фаъолияти муовинони декан оид ба тарбия, Шӯрои ҷавонон ва муҳаққиқони ҷавон, созмони ҷавонон дар факултетҳо, сарпарастон, сардорони гурӯҳҳои академӣ, ҷашн гирифтани санаҳои муҳимми таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ба чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, иҷрои онро аз тамоми зерсохторҳои қисми тарбиявӣ талаб мекунанд ва сиёсати давлатии ҷавононро дар донишгоҳ амалӣ менамоянд.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати хирадмандона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатии ҷавонон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, супоришҳои раёсати корҳои тарбиявӣ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Мақсад ва вазифаҳои шуъбаи кор бо ҷавонон чунин аст:

– амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”;

– амалӣ намудани потенсиали эҷодии донишҷӯён, кормандон ва олимони ҷавон;

– тавсеаю рушди ҳамкорӣ ва таҳкими дӯстию бародарӣ дар байни донишҷӯён ва олимони ҷавон;

– тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ;

– ташкил намудани шӯро, иттиҳодия ва созмонҳои донишҷӯён;

– таҳия ва ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод намудани барнома ва лоиҳаҳои мушаххас барои беҳтар гардонидани зисту зиндагонии донишҷӯён, кормандон ва олимони ҷавон;

– мусоидат ва саҳмгузорӣ дар самти рушди фарҳанг, маънавият, ахлоқи ҷавонон ва корҳои эҷодии донишҷӯён;

– ҳимоя ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои донишҷӯён, кормандон, олимони ҷавон ва созмонҳои онҳо;

– дастгирии барномаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фароғатии донишҷӯён ва созмонҳои онҳо;

– баргузор намудани фестивалҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо, семинарҳо, машваратҳои илмӣ ва дигар тадбирҳо барои донишҷӯён ва олимони ҷавон.

Аз моҳи ноябри соли 2020 вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавононро муаллими калон Шамс Ниёзов ба уҳда дорад.

Дар шуъба мутахассисони зерин фаъолият менамоянд:

– Нурмуҳаммад Мирзоев, сармутахассиси шуъба;

– Саъдӣ Додарбеков, мутахассиси шуъба.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top