Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Таълим Шуъбаи идоракунии сифати таълим

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 30.05.2012, таҳти №03/469 дар заминаи шуъбаи ташкили раванди таълим, мониторинг ва назорати сифати таҳсилот, ки соли 2007 таъсис ёфта буд, ташкил карда шудааст. Дар солҳои гуногун ин шуъбаро ихтисосмандони варзидаю ботаҷрибаи зерини донишгоҳ роҳбарӣ намуданд:

•    н.и.и., дотсент Каримбердиев О., солҳои 2007-2012;
•    н.и.и., дотсент Ашуров Ғ.Д., солҳои 2012-2013;
•    н.и.п., дотсент Ҳусейнов Б.А., аз соли 2013 то имрӯз.

Тӯли ин солҳо дар шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.ф.м., дотсент Одинамамадов Қ., н.и.п., дотсент Раҳмонқулов М., фаъолияти пурсамар намудаанд. Айни замон дар ин шуъба ду нафар, мутахассис оид ба худбаҳодиҳӣ н.и.п., дотсент Раҳмонов Ғ.  ва мутахассис оид ба идоракунии сифати таҳсилот Усмонов М. фаъолият доранд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҳоло яке аз марказҳои таълимию методӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷиҳати болоравии сатҳу сифати таълим ва дараҷаи азхудкунии донишҷӯён, мунтазам мониторингҳо, санҷишҳои хаттӣ ва машваратӣ гузаронида, натиҷаҳои онро барои баррасӣ ба Шӯрои олимон ва Раёсати донишгох пешниҳод менамояд.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот фаъолияти худро тибқи нақшаи Раёсати донишгоҳ, Шӯрои олимон, Низомнома ва нақшаи кории худи шуъба ба роҳ мондааст. Мувофиқи онҳо шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот мунтазам паҳлӯҳои гуногуни раванди таълимро дар кафедраю факултетҳои донишгоҳ назорат намуда, ҳамчунин санҷишҳо (мониторингҳо) мегузаронад. Натиҷаи онро дар Шӯрои олимон муҳокима намуда, ҳар се моҳ ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф пешниҳод менамояд.

Аз тарафи кормандони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот давоми ин солҳо масъалаҳои гуногуни таълимӣ, ба монанди сифати дарсҳои омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои таълимии омӯзгорон дар раванди дарс (маводҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ), истифодаи аёниятҳо, воситаҳои техникӣ дар дарсҳо, тахтаи электронӣ мавриди назорат ва санҷиш қарор дода шуданд.

Ҳадафи асосии татбиқи низоми кредитии таҳсилот – баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони  баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад. Иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, омӯзиши талаботи бозори меҳнат ва ташкили назорати қатъии сифати дарсҳо ва тестҳои имтиҳониро тақозо мекунад.

То соли 1991 дар донишгоҳ раванди таълим тибқи нақшаҳои таълимии мутамаркази мактабҳои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монда мешуд. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолият дар асоси литсензияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуки пешбурди фаъолият нақшаҳои таълимӣ солҳои 1991, 1995, 1997-2001 ва 2003 барои низоми муқаррарии таҳсилот ва солҳои 2005, 2006, 2009, 2011, 2012, 2015, 2016 ва 2017 барои низоми кредитии таҳсилот аз нав таҳия карда шудаанд.

Дар назди раёсати таълим барои ҳаллу фасл намудани проблемаҳои низоми кредитии таҳсилот ва раванди таълим семинарҳои илмӣ-методӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло ин семинарҳои илмӣ-методӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Таълим Шуъбаи идоракунии сифати таълим