Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Таълим Раёсати таълим

Раёсати таълим

Раёсати таълим муҳимтарин сохтори донишгоҳ буда, вазифаҳои асосии он банақшагирӣ, назорат ва танзими раванди таълим, таҳияи нақшаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҳисоби сарбориҳои омӯзгорон ва назорати иҷроиши онҳо мебошад. Раёсати таълим  тибқи қарори Шӯрои олимони ДДТТ аз 7.06.2017, таҳти №13 дар заминаи департаменти таълим, ки 1-уми октябри соли 2007 таъсис ёфта буд, ташкил шудааст. Дар солҳои 1987-2007 ин сохтор бо номи шуъбаи таълим фаъолият менамуд.

Раёсати таълимро дар тӯли солҳои гуногун олимони варзидаи зерини донишгоҳ роҳбарӣ намудаанд:

•    муаллими калон Давлатмамадов Валӣ, солҳои 1987-1994;
•    н.и.ф., дотсент Шоев Раҳматулло, солҳои 1994-1996;
•    н.и.б., дотсент Суннатов Маҳмадҷон, солҳои 1996-1997;
•    н.и.г., дотсент Мусоев Зайниддин, солҳои 1997-1998;
•    н.и.к., дотсент Маликов Таваккал, солҳои 1998-2001;
•    н.и.ф.м., дотсент Салимов Назаралӣ, солҳои 2001-2008;
•    д.и.т., профессор Маҷидов Ҳамид, солҳои 2008-2011;
•    н.и.и., дотсент Ҳикматов Саъбат, солҳои 2011-2012;
•    н.и.п., дотсент Мирзоев Раҳмоналӣ, солҳои 2012-2017;
•    н.и.и., дотсент Ҳамитов Муҳитдин, аз соли 2017 то имрӯз.

Сохтори раёсати таълим дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутобиқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил карда шудааст.

Дар солҳои гуногун дар сохтори раёсати таълим шуъбаи ташкил ва назорати раванди таълим (мудираш дотсент Мирзоев Р.Р.), шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим (мудираш дотсент Каримбердиев О.), шуъбаи маркази бақайдгирӣ ва машварат (мудираш Зебиниссо Амонӣ) мавҷуд буданд.

Соли таҳсили 2008-2009 шуъбаи ташкил ва назорати раванди таълим ва шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим муттаҳид карда шуда, ба шуъбаи ташкили раванди таълим, мониторинг ва назорати сифати таълим (мудираш дотсент Каримбердиев О.) табдил дода шуд.

Раванди таълим дар донишгоҳ тибқи стандартҳои нави давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, таъмини болоравии сифати таълим ва сафарбаркунии донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар макотиби олии хориҷӣ кишвар, тибқи фармони Вазири маорифи ҶТ аз сентябри соли 2004, таҳти № 698 ба қатори мактабҳои олии таҷрибавӣ (пилотӣ) ворид карда шуда, аз соли таҳсили 2005-2006 аввалин шуда ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ шурӯъ намуд. Соли таҳсили 2009-2010 шуъбаҳои рӯзона ва   ғоибона пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд.

Дар солҳои гуногун кормандони пуртаҷриба Раҳимова М.С., Ғуломова М.Ш.,  Ғуломова Ҳ.Қ., Шарипова М.Ф., Тайлоқов Н., Пиров Қ., Маҳсудинова Р.Ғ., Абдурасулов Ш., Раҷабов М., Ҳайдарова Ф., Маҳмадуллоев З.Н., Мирзоев Р.Р., Шарипов С., Улфатшоев Ф., Набиев Ҳ.И., Раҳимдоди Х., Мирзоев А.А., Ғуломова Ш.Қ. ва Худойдодов М. дар раёсати таълим кор карда, дар пешбурди фаъолияти он саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар сохтори раёсати таълим солҳои 2008-2012 шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва карйера фаъолият менамуд, ки онро олими варзида н.и.и., дотсент Утаганов А.А. роҳбарӣ менамуданд. Ҳоло ин шуъба ба тобеияти раёсати илм ва инноватсия гузаронида шудааст.

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Таълим Раёсати таълим