Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод!

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ

Бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони баландихтисоси самти муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва иқтисоди ҷаҳон эҳсос мегардид. Бино бар ин, талаботи бозори меҳнатро ба назар гирифта, соли 1994 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (он вақт Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон) факултети нав бо унвони «Муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байналхалқӣ» (ҳоло факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ) таъсис дода шуд, ки аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳон ва молия ва қарз довталабонро қабул мекард.

Соли таҳсили 1996 – 1997 дар факултет ихтисоси ҳуқуқи тиҷорат, соли таҳсили 2011 – 2012 ихтисоси ҳуқуқи байналмилаии тиҷоратӣ ва соли таҳсили 2015 – 2018 ихтисосҳои ташкили робитаҳои байналмилалӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ ташкил карда шуд ва кунун факултет дар пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ ва таҳкими истиқлолияти он бо роҳи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси самти иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқи тиҷорат саҳми арзандаи худро мегузорад.

Садорат, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет барои амалӣ намудани ҳадафҳои асосии низоми таҳсилоти олии ҷумҳурӣ – ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, беш аз пеш баланд бардоштани сифати таълим ва пайванди илму истеҳсолот пайваста саъю кӯшиш менамоянд.

Дар давраи фаъолияти факултет бунёди моддӣ – техникӣ ва потенсиали илмӣ– омӯзгории он хеле пурқувват гардид, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои пешгузошта комилан мусоидат мекунад. Аксари синфхонаҳои факултет бо техникаи муосири иттилоотӣ – коммуникатсионии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар раванди таълим омӯзгорон ва донишҷӯён аз синфхонаҳои замонавии компютерӣ ва лингафонӣ фаровон истифода мебаранд, ки барои аз худ намудани дониши техникӣ ва баланд бардоштани дараҷаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ муноидат мекунад.

Бо мақсади пайванди раванди таълим бо истеҳсолот дар назди кафедраҳои тахассусӣ синфхонаҳои таълимӣ – методӣ ташкил карда шудааст, ки ба сифати гузаронидани дарсҳои амалӣ ва семинарӣ таъсири мусбат мерасонад.

Дар факултет ба донишҷӯён олимони варзида ва мутахассисони шинохтаи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дарс мегӯянд. Садорати факултет тасмим гирифтааст, ки ҷалби профессорони хориҷӣ ва мутахассисони хуби сохторҳои давлатию тиҷоратиро ба раванди таълим ба роҳ монад.

Боиси ифтихор аст, ки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ яке аз аввалин сохтори макотиби олии ҷумҳурӣ мебошад, ки аз соли 2005 ба татбиқи низоми кредитии таҳсил оғоз намуд. Ин саҳми босазои донишгоҳ барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ мебошад. Аллакай хатмкардагони ин низоми таҳсил дар мақомоти давлатӣ ва корҳонаву ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун фаъолият мекунанд. Қисми дигари онҳо таҳсили худро дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва мамолики хориҷа идома дода истодаанд.

Соли 2012 бо пешниҳоди раёсати донишгоҳ ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ аз аккредитатсия байналмилалӣ гузашта, нахустин шуда дар ҷумҳурӣ соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ гардид.

Аз соли 2009 дар факултет гурӯҳҳои махсус таъсис гардиданд, ки раванди таълим дар онҳо пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёни ин гурӯҳҳо чандин бор дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотии олӣ аз фанни забони англисӣ ҷойи ифтихориро касб кардаанд. ҳамчунин, рейтинги донишҷӯёни донишгоҳ исботи он аст, ки донишҷӯёни гурӯҳҳои махсус дар он мавқеи хеле хубро соҳибанд. Аллакай беш аз 20 нафар донишҷӯи ин гурӯҳҳо дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, таҳсили худро дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон идома медиҳанд.

Донишҷӯёни факултет имкон доранд, ки дар озмун ва барномаҳои гуногун иштирок намуда, таҳсили худро дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ идома диҳанд. ҳамчунин, имкониятҳои воқеии мубодилаи кӯтоҳмуддат ва ё дар давоми як семестр басо зиёданд. Танҳо дар тӯли 5 соли охир беш аз 30 нафар донишҷӯи факултет дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои гуногун ба донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ фиристода шуданд.

Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ, донишҷӯён аз хориҷи кишвар, бомуваффақият таҳсил доранд.
Донишҷӯёни факултет дар ҷараёни таҳсил ба чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ – маърифатӣ ва варзишӣ ҷалб карда мешаванд. Қайд кардан бамаврид аст, ки бисёре аз онҳо дар конфронсҳои илмӣ – назариявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби мукофот ва ифтихорнома гардиданд. Дар ғолибияти дастаи «Тоҷири Аҷам» дар озмуни «Маҳфили зарифон» низ саҳми донишҷӯёни фаъоли факултет басо арзанда аст.

Тӯли солҳои зиёд роҳбарии факултетро доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров ҳамидуллохон Нуриддинович (солҳои 1994 – 1995), номзади илми иқтисодӣ, дотсент Акобиров Зиёратшо Наимович (солҳои 1995 – 2005), номзади илми филологӣ, дотсент Акрамов Файзалӣ Маҳрамович (солҳои 2005 – 2011), номзади илми иқтисодӣ, дотсент Шаропов Фарҳод Разоқович (солҳои 2011 – 2017) ба уҳда доштанд. Аз соли 2017 вазифаи декани факултет ба ухдаи номзади илмҳои физика – математика Назаралӣ Салимов гузошта шудааст.

Дар факултети МИБ ва ҳуқуқ муовини декан оид ба таълим Масъуд Қаҳҳоров, муовини декан оид ба тарбия Фитрат Рустамов, муовини декан оид ба илм Субҳоналӣ Мирзоев ва муовини декан оид ба омӯзиши ғоибона Ҷовидон Сафаров мебошанд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ