Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати донишгоҳ ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва корманду донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябри соли 2019 ҷашн гирифта мешавад, аз самими қалб табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ Таълим Факултетҳо молия ва фаъолияти бонкӣ

Молия ва фаъолияти бонкӣ

Факултети молия ва фаъолияти бонкӣ яке аз ҷавонтарин факултетҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Факултети мазкур дар соли таҳсили 2008-2009 дар заминаи факултети иқтисодиёт ва менеҷмент таъсис дода шудааст. Факултети молия ва фаъолияти бонкї - яке аз сохторҳои таркибии донишкада мебошад, ки дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос барои бозорҳои молия, суғурта ва қоғазҳои қиматнок, фаъолияти бонкӣ, нозироти андоз ва омор саҳми назаррас дорад. Дар факултет ҳамасола шумораи зиёди мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура омода карда мешаванд.

Дар сохтори факултет кафедраҳои молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, андоз ва суғурта фаъолият менамоянд, ки дорои ҳайати илмӣ - омӯзгории пурқувват буда, ҳамчунин ба ҷараёни таълим роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар сохторҳои молиявӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳайати илмӣ - омӯзгории факултет аз рӯи мавзӯъҳои зеррин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ иҷро менамоянд: «Роҳҳои беҳдошти хизматрасонии бонкӣ дар Тоҷикистон» ва «Ташаккул ва рушди низоми молиявии ҷумҳурӣ».

Донишҷӯёни факултет ба маҳфилҳои илмии «Молия ва қарз», «Суғурта ва андозбандӣ» ва «Фаъолияти бонкӣ» ҷалб карда шудаанд ва боиси қаноатмандист, ки иштироки онҳо дар конфронсҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сол аз сол рӯ ба афзоиш аст. Аллакай дар байни донишҷӯён нафароне ҳастанд, ки ғолибон ва ҷоизадорони чунин озмунҳо гаштаанд.

Донишҷӯёни факултет дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ низ ширкат намуда, ғолибият ба даст овардаанд. Иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ дар сатҳи хеле баланд қарор дорад.

Соли 2010 дар сохтори факултет бонки таълимӣ ташкил карда шуд, ки дорои шароити техникии замонавӣ мебошад. Ташкили чунин бонк имкон дод, ки машғулиятҳои амалӣ бевосита дар он гузаронида шаванд, ки ба баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии дарсҳо аз ҷониби донишҷӯён мусоидат намуд.

Дар факултет мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:

25.01.04- Молия ва қарз
25.01.04.02 - Кори бонкӣ
25.01.04.03 - Андоз ва андозбандӣ
25.01.04.04 – Суғурта
25.01.05.00- Омор

Хатмкунандагони факултети “Молия ва фаъолияти бонкї” асосан дар соҳаҳои бонкдорӣ, муассисаҳои мухталифи қарзӣ, мақомоти андозу молия, омору суѓурта ва дигар корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликиятдорӣ, фаъолият карда метавонанд. Ҳоло хатмкунандагони факултет дар мақомоти Ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Иттифоқи Тоҷикмалубот, донишгоҳҳо, бонкҳо, мақомоти андоз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаҳои савдо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд. Қисми зиёди онҳо имрӯз роҳабарони ташкилотҳои бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ гардидаанд.

Байни донишгоҳ ва бонкҳои пешқадам шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст, ки донишҷӯён барои гузаштан аз таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд таъмин намудан бо кори доимӣ имконияти васеъ доранд.

Дар факултети мазкур ҳар сол моҳи декабр «Ҳафтаи факултети молия ва фаъолияти бонкдорӣ» бо маҳфилҳои илмию – эъҷодӣ, дарсҳои кушод, семинар – конрофнсҳои байналмилалӣ, мизҳои мудаввар, сабқатҳои илмӣ, олимпиадаҳо, викторинаҳо гузаронида мешавад.

Раёсати факултети «Молия ва фаъолияти бонкӣ» боварии комил дорад, ки хатмкардагони факултет дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.
Аз соли таъсис сохтори факултети мазкур якчанд маротиба тағйир ёфтааст.

Айни ҳол дар таҳти факултет кафедраҳои зерин вуҷуд доранд:

1. Молия ва қарз
2. Фаъолияти бонкӣ
3. Андоз ва суғурта

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Таълим Факултетҳо молия ва фаъолияти бонкӣ