Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ ДДТТ Маркази тестӣ

Маркази тестии донишгоҳ

Маркази тестии ДДТТ бо Қарори Шӯрои олимон аз 07.06.17  №13 иборат аз 4 воҳиди корӣ:  мудири марказ  се нафар оператор- коргузор таъсис дода шудааст. Марказ тестӣ мувофиқи сохтори донишгоҳ бевосита дар тобеъияти ректор мебошад.

    Маркази тестии донишгоҳ  дорои 3 толор:
1.    Толори тестӣ 60 – адад  компютер;  
2.    36 – адад компютер;
3.    50 – адад компютер;

Бояд қайд намоем, ки дар вақти имтиҳонҳои  фосилавӣ ва ниҳоӣ китобхонаи электронии донишгоҳ бо 50 – адад  ва се синфхонаи компютерии воқеъ дар бинои таълимии №1 ошёнаи 1 ва 2  бо 50 – адад  компютер истифода бурда мешаванд. Дар умум 246 – адад компютер имтиҳонҳоро қабул менамоем.

Дар Маркази тестии донишгоҳ маҳзани саволномаҳои тестӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ ба миқдори на камтар аз 200 саволнома ва  тестҳои гуногун ташкил карда шудааст.

Дар донишгоҳ шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома татбиқ карда шуда, истифодаи хаттӣ ва электронии онҳо бо технологияи иттилоотию иртиботӣ дар раванди таълим ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Маркази тестӣ  дар сомонаи донишгоҳ саҳифаи электронӣ ташкил намуда, дар он маҷмӯи супоришҳои тестӣ, шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома, маводҳои дастурӣ ва методӣ барои гузаронидани имтиҳонҳоро ҷойгир кардааст.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маркази  тестӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандони маркази мазкур ба Низомномаи низоми кредитии таҳсилот,  Низомномаи факултет,  Низомномаи кафедра,  Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонда шуданд.

Қоидаҳои умумии низоми холдиҳӣ-рейтингӣ ва низомномаи баҳодиҳӣ ба дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар раванди таълим ва низоми назорату баҳодиҳӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Сохтори саволномаи тестӣ барои як вариант чунин ба инобат гирифта шудааст:

16 тест х 3 бал = 48 бал – тести пӯшида;
2 тест х 4 х 3 бал = 24 бал – тести мувофиқатӣ;
2 саволи хаттӣ х 14 = 28 бал – тести кушода ё саволҳои хаттӣ  

 

Барои дастрасии намунаи тестҳо аз фанҳои таълимии донишгоҳ ба маркази тестӣ муроҷиат намоед ва ё ин ки ба маҳзани саволномаҳои тестӣ ворид шавед

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ ДДТТ Маркази тестӣ