Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ ДДТТ ректорони донишгоҳ таърих ФАҚЕРОВ ҲАМИДУЛЛОХОН НУРИДДИНОВИЧ

Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович
ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
д.и.и., профессор
________________________________________________________________________________________________________________________________________

Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, соли таваллуд 1959, баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, тахассуси «Иқтисоди савдо»-ро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти кории мутахассиси ҷавон аз иқтисодчии филиали душанбегии Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқӣ доир ба омӯзиши талаботҳои аҳолӣ ва вазъи савдои дар Тоҷикистон воқеъ буда, огоз шудааст. Солҳои 1986-1987 ҳамчун ходими калони шуъбаи ояндабинии талаботи аҳолӣ ва вазъи савдо адои вазифа кардааст.

Дар рафъи садамаи Чернобил ҳамчун хизмачии ҳарбӣ иштирок кардааст.

Соли 1989 дар мавзӯи «Ояндабинии равнақи шабакаҳои чаканафурӯшӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илми иқтисод гардидааст. 

Фаъолияти меҳнатии Фақеров Ҳ.Н. аз соли 1992 то имрӯз бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пайваст мебошад. Дар ин муддат ӯ дар вазифаҳои гуногун - муаллими калон, ҷонишини декани факултаи «Менеҷмент ва ҳисобдорӣ», декани факултаи «Иқтисодию менеҷмент ва баҳисобгирӣ» ва «Омӯзиши ғоибона», муовини аввали ректор оид ба таълим фаъолият намуда, аз октябри соли 2000 то соли 2009 вазифаи ректори донишгоҳро ба уҳда дошт.

Фақеров Ҳ.Н. ташкилотчии моҳир, донишманди варзидаи соҳаи иқтисод буда, аввалин маҳсули илмиаш, ки «Аҳамияти омӯзиши пешгӯиҳо дар ташаккули нақшагирии шабакаҳои савдои чакана» мебошад, соли 1984 ба табъ расидааст. Рисолаю мақолаҳои «Методологияи пешгӯиҳои дарозмуддат дар шабакаҳои савдо», «Равандҳои бунёдсозии низоми нишондиҳандаҳои дурнамои инкишофи шабакаи савдо», «Консепсияҳои инкишофи тичорати молҳои алоҳидаи истеъмолӣ дар Тоҷикистон» ва ғайраҳо дар соҳаи тиҷорат андешаи нав буда, дорои аҳамияти калони назариявию амалианд.

Инчунин асарҳои «Назария ва амалияи ташаккули зерсохторҳои бозори истеъмолӣ», «Бозори истеъмолй: масоили танзимкунӣ», натичаи таҳлили дақиқназарона буда, дар онҳо масъалаҳои танзими бозори истеъмолот аз мавқеи зарурияти мутобиқсозии талаботу пешниҳод, масъалаи равшаннамоии сарҳад, усул ва шаклҳои он, аз ҷониби давлат ба танзим даровардани даромади аҳолӣ, ҳамчун асоси ташаккул ва такмилсозии зерсохторҳои бозори истеъмолӣ дақиқназарона таҳлилу тадқиқ шудаанд.

Профессор Фақеров Ҳ.Н. бо ҳаммуаллифии олимони соҳаи иқтисод якчанд асарҳои илмию методии пурарзиш низ офаридааст, ки ҳар кадом барои баланд бардоштани сатҳи маърифати касбии мутахассисони соҳаи иқтисод ҳаётан заруранд.

Натиҷаи ҷустуҷӯиҳои чандинсолаи илмӣ имконият дод, ки соли 2004 дар Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новособирск дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди бозори истеъмолии Тоҷикистон» рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намояд.

Баъди дифои рисолаи докторӣ пурмаҳсул кор карда, дар мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ-иқтисодй аз ҷумла: истифодаи сарватҳои меҳнатӣ, шуғлнокӣ ва сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо мавзӯъҳои мубрами рӯз, мақолаҳои илмӣ ва асарҳои пурарзише офаридааст. Ҳамаи ин хизматҳои арзанда натиҷаи он гашт, ки ӯ соли 2004 ба гирифтани унвони профессори кафедраи «Иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ» -и донишгоҳ мушарраф гашт.

Донишманди нуқтасанҷ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ саҳмгузор буда, шаш шогирдаш соҳиби унвони номзади илми иқтисод шудаанд. Имрӯзҳо даҳҳо шогирдонаш дар мавзӯъҳои гуногуни иқтисодӣ рисолаҳои докторӣ ва номзадии хешро навишта истодаанд.

Ӯ инчунин дар барпо намудани базаи моддӣ-техникии донишгоҳ ва танзими фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст.

Дар даҳҳо конфронсҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои иқтисодй бо маърӯзаҳо баромад намуда, илми иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Профессор Фақеров Ҳ.Н. раиси комиссияи экспертии назди Кумитаи Маҷлиси Олии ҶТ оид ба иқтисодиёт, раиси Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ дар назди ДДТТ, собиқ раиси Шӯрои ректорони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва узви Клуби ректорони макотиби олии Аврупо ва аъзои коллегияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Фаъолияти гуногунҷабҳаи профессор Фақеров Ҳ.Н. ҳамчун ташкилотчии моҳири соҳаи маориф, устоди барҷаста дар соҳаи таълиму тарбия ва навовар дар ҷодаи илму маориф соли 2000-ум бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2007 бо Ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот қадрдонӣ карда шуд.

Профессор Фақеров Ҳ.Н. дар вазифаи муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Соли 2012 сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Аз соли 2017 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунад.

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ ДДТТ ректорони донишгоҳ таърих ФАҚЕРОВ ҲАМИДУЛЛОХОН НУРИДДИНОВИЧ