Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ ДДТТ Шуъбаи махсус ва бақайдгирии шиноснома

Шуъбаи махсус ва бақайдгирии шиноснома

Шуъбаи махсус ва бақайдгирии шиноснома дар соли 1995 ташкил карда шудааст.

Вазифаи асосии кормандони шуъбаи мазкур ба қайд гирифтани кормандон, донишҷӯён ва омӯзгороне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат доранд; таҳия намудани рӯйхати кормандону донишҷӯёне, ки мувофиқ ба хидмати ҳарбӣ мебошанд; ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод кардани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз донишгоҳ хориҷ шудаанд ва ё аз шуъбаи рӯзона ба шуъбаи таҳсили фосилавӣ гузаштаанд, иборат мебошад.

Мутахассисони шуъба дар байни донишҷӯён корҳои муҳимми тарбиявию ватандӯстӣ баргузор намуда, барои дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия кардани онҳо саъю кӯшиш мекунанд. Чунин амал боиси омодагии донишҷӯён барои хидмат дар артиши миллӣ мегардад.

Дар шуъба барои ҳар як донишҷӯ ҳуҷҷат тартиб дода шуда, дар он ҳар як тағйироти зимни таҳсил дар фаъолияти ӯ рухдода, ки боиси аз даст додани имтиёз мегардад, сабт мешавад.

Маълумот оид ба ҳар як донишҷӯ дар ҳолати зарурӣ ба ҷойи дахлдор пешниҳод мегардад.

Аз 29-уми октябри соли 2015 мудири шуъбаи махсус ва бақайдгирии шиноснома Сайфулло Айниддинов мебошад.

Мурод Қосимов ба ҳайси мутахассиси бақайдгиранда кор мекунад.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ ДДТТ Шуъбаи махсус ва бақайдгирии шиноснома