Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ зимни дар фаъолияти худ талаботҳоро оиди ба сиёсати кадрҳо ва таҳияи санаду меъёрҳои ҳуқуқиро мавриди татбиқи амалӣ қарор додаст.

Коргузорӣ, ки дар фаъолияти идоракунии донишгоҳ ва рушду беҳбудии он саҳми муҳим дорад, аз меҳнату кордонии аъзои ин сохтор вобастагии зич дорад. Фаъолияти шуъба ба интихобу ҷобаҷогузории мутахассисони касбӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии онҳо, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавежа, ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани фармону санадҳои раёсати донишгоҳ нигаронида шудааст.

Ҳамчунин, Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ  дар тамоми факултетҳо, кафедраҳо, ва сохторҳои дигар мунтазам таҳлилу санҷишҳо гузаронида, бо пешниҳоду тавсияҳои асоснок дар татбиқи сиёсати кадрҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ барои пешрафти фаъолияти донишгоҳ кӯшиш мекунад. Нақши ин сохтор дар татбиқи Қонуни забон ва ба забони давлатӣ таҳия намудани маводи ҳуҷҷатгузории донишгоҳ муҳим аст.

Дар давоми фаъолияти донишгоҳ як зумра занони кордону масъулиятшинос ба мисли Магкеева Л.С. (1987-1990), Ракина Л.П. (1990-1991), Турсунова Т.С. (1991-1992), Гайниева Л. (1992-1993), Мирсаидова С., Дадаҷонова Л.К.(1994-2013), Ятимова Ш.А. (аз соли 1995-2015) бо фаъолияти арзандаву босамар саҳми арзандаи худро дар рушду такмили шуъбаи мазкур гузоштаанд.

Ҳоло сарварии Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқиро Мумтоз Назири, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (солҳои 1996-2001), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (солҳои 1999-2008)  ва айни замон унвонҷӯи шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ба уҳда дорад.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ