-->

УНИВЕРСИАДАИ ПАТЕНТИИ АВРУОСИЁГӢ «НАЗАР БА ОЯНДА»

13 Ноябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

Идораи патентии авруосиёгӣ (ИПАО) универсиадаи патентии авруосиёгиро таҳти унвони «Назар ба оянда» бахшида ба 25-солагии Ташкилоти патентии авруосиёгӣ эълон менамояд.

Барои иштирок дар универсиада толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони ҳавасманди синну соли аз 18 то 25 сола (категорияи дуюми синнусолӣ) даъват карда мешаванд.

Универсиада дар шакли озмуни корхои эҷодӣ (корхое, ки дар онхо натиҷаҳои эҷодиёти илмӣ-техникӣ пешниҳод карда мешаванд) дар мавзӯъҳои зерин баргузор мешавад:

«Мо насли Тесла Н. ҳастем. Тамоми қонунҳои табиат дар дасти мост»;

  • «Мо наcли Д. Менделеев ҳастем. Каме афсунгарӣ менамоем? Бале! Ва давомнокии умрро зиёд хоҳем кард!»;
  • «Мо наcли Ибни Сино ҳастем. Ҷилди шашуми китоби "Қонуни тиб"-ро эҷод намуда истодаем!»;
  • «Мо насли А. Гауди ҳастем. Чӣ гуна аст он, шахри фардо?»;
  • «Ҳамеша дар тамос – якҷоя таҳсил мекунем, якҷоя истироҳат менамоем. Низоми таълими фосилавӣ ва истироҳати интерактивӣ»;
  • «Масофаи иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ – роҳҳои нави таъмини алоқаи бехатар дар ҷаҳони муосир»;
  • «Муҳофизат аз вирусҳо – душман намегузарад! Низомҳои муҳофизати шахсӣ барои табибон ва беморон аз сироят»;
  • «Тезтар, баландтар, қавитар ва ... наздиктар! Дастгоҳҳо ва системаҳои инноватсионӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани бадан дар шароити пандемия».

 Кори эчодӣ ё лоиҳаи эҷодиро ҳам иштирокчии алоҳидаи универсиада, ҳамчунин, гурӯҳи иштирокчиён мустақилона ва ё бо роҳбари илмӣ иҷро карда метавонанд.

Кори эчодӣ ба забонҳои русӣ ва ё англисӣ пешниҳод карда мешавад.

Талабот доир тартиби кори эҷодӣ ва маводҳои ба он замимашуда дар сомонаҳои www.eapo.org, www.tajpatent.tj ва www.innovation.tj ҷойгир карда шудааст.

Муҳлати фиристодани корҳои эҷодӣ ба ИПАО аз 15-уми октябри соли 2020 то 28-уми феврали соли 2021 бо нишонии: Россия, 109012, Москва, гардиши М. Черкасский, 2 мебошад. Якҷоя бо корҳои эҷодӣ (лоиҳаи эҷодӣ) ариза барои иштирок дар универсиада ба Идораи патентии авруосиёгӣ фиристода мешавад.

Ҳамоҳангсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудани корҳои эҷодӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14а) мебошад.

Натиҷаҳои универсиада то 31-уми марти соли 2021 интишор карда мешавад.

Ҷоизадорони универсиада бо медали Идораи патентии авруосиёгӣ «Назар ба оянда», туҳфаҳои арзанда ва дипломҳо сарфароз карда мешаванд.

 

Маълумот барои ҳамоҳангсозӣ:

+992(37) 2222153; +992921112040; +992935129274

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top