-->

Эълон

12 Ноябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо донишгоҳи Небраскаи Омаҳа, ШМА ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи лоиҳаи UniCEN ба роҳ мондааст. Лексияи дуюми онлайнӣ рӯзи 9-уми декабри соли ҷорӣ соати 17:00 дар мавзӯи “Таҳсилоти олӣ дар шароити коронавирус” (“Higher Education Response to COVID-19”) ба забони ангисӣ доир мегардад.

Лексияи онлайнро устоди Донишгоҳи Небраскаи Омаҳа (University of Nebraska at Omaha, NE), доктор Конни Шаффер (Dr. Connie Schaffer), ки муаллифи асарҳои зиёд ба ҳисоб меравад ва омӯзгори боистеъдод мебошад, пешниҳод менамояд. Дар даврае, ки мушкилоти шахсӣ ва касбӣ зиёданд, доктор Шаффер дар бораи чи гуна ва дар кадом шароит давом додани тадқиқот ва омӯзиш суҳбат менамояд.

Хоҳишмандон барои иштирок дар синфхонаи 107-уми бинои асосӣ дар вақти таъйиншуда ҳозир шуда метавонанд.

 Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top