-->

Семинари илмӣ – амалӣ

10 Ноябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

12-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020, соати 13:50 то 15:00

Мавзӯъ: «Мактаби илмӣ ва нақши он дар эҷоди неруи зеҳнии донишгоҳ ва ташаккули шахсияти олими ҷавон».

Дар семинар нақши мактаби илмӣ, хусусиятҳои он, навҳо, принсипҳои ташаккул ва рушди онҳо баррасӣ мегардад. Инчунин, меъёрҳо ва нишондиҳандаҳои баҳодиҳии самаранокии фаъолияти мактаби илмӣ муаррифӣ гардида, зарурати иштироки фаъолонаи муҳаққиқонро дар омӯзиши равандҳои муосир арзёбӣ менамояд.

Лектор: доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Макони баргузории чорабинӣ: шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, к. Деҳотӣ ½, бинои 1-ум, ошёнаи 4, толори диссертатсионӣ.

Забони гузаронидани чорабинӣ: тоҷикӣ-русӣ

Силсилаи семинарҳои илмӣ-амалӣ дар чорчӯбаи нақшаи шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top