Довталаб - 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо татбиқи низоми кредитӣ ба як қатор дастовардҳо ноил шуданд. Дар давоми панҷ соли охир дар донишгоҳи мазкур дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Аз ҷумла, робитаи донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷи вусъат ёфта, заминаи моддиву техникии он хеле беҳтар шудааст.

Донишгоҳ барои гузаштан ба низоми нав мутахассисони хориҷиро ҷалб карда, ҳамзамон бо ин, барои таҷрибаомӯзии устодони донишгоҳ дар дигар кишварҳо имконият пайдо кардааст ва дар натиҷаи ҷорӣ кардани низоми мазкур ба баланд гардидани сифати таълим муваффақ шудааст.

Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш.

 ______________________________________

ОМОДА НАМУДАНИ  БАКАЛАВРҲОРО ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ АЗ РӮИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН АМАЛӢ МЕКУНАНД:

ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА МЕНЕҶМЕНТ

1-25.01.11 - аудит ва ревизия;
1-25.01.07 - иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо;
1-25.01.07.17 - иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои сайёҳӣ;
1-25.01.07.20 - иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хизматрасонӣ;
1-25.01.07.31 - иқтисодиёти бизнеси электронӣ;
1-25.01.07.32 - иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо; 
1-25.01.08 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
1-25.01.08.01 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо;
1-25.01.12 - информатикаи иқтисодӣ;
1-26.02.02 - менеҷмент;
1-26.02.02.22 - менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо;
1-26.02.01.01 - бизнес маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат;
1-40.01.02.02 - технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт;
1-89.01.01 - сайёҳат ва меҳмондорӣ. 

 ФАКУЛТЕТИ ТИҶОРАТ ВА ГУМРУК

1-25.01.09 - молшиносӣ ва муоинаи мол;
1-25.01.10.04 - фаъолияти тиҷоратӣ дар бозори берунӣ;
1-26.02.03 - маркетинг;
1-91.01.01.01 -
1-91.02.01 - технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ;
сервиси тарабхона ва меҳмонхона;
1-96.01.01 -хадамоти гумрукӣ;
1-96.01.01.03 - бехатарии иқтисодӣ.

 

 

 

 

ДОНИШГОҲИ МО – ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

ДОВТАЛАБОНИ АЗИЗ – НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ КИШВАР!

БА ШУМО ДАР ИНТИХОБИ ДУРУСТИ КАСБ МУВАФФАҚИЯТ ХОСТА, ТАМАННОИ ОНРО ДОРЕМ, КИ ҚАДАМҲОИ ШУМО БАРОИ ДАРЁФТИ МАЛАКАИ КАСБИИ МУОСИР ВА ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНДИ ИЛМУ ДОНИШ УСТУВОРУ БОСУБОТ БОШАНД ВА ШУМО САҲМГУЗОРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОНИ МАҲБУБ ГАРДЕД.

ДАР ПАЙРОҲАИ ПУРИФТИХОР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН – ЯГОНА МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРӢ, КИ ДАР СОҲАИ ИҚТИСОД ВА ТИҶОРАТ АЗ ДАРАҶАИ БАКАЛАВР ТО ДОКТОРИ ИЛМРО ОМОДА МЕНАМОЯД, РОҲНАМОВУ ЁВАРИ ШУМОСТ!

РОҲИ ХУДРО ИНТИХОБ НАМО!

ОЯНДАРО БО ДДТТ ДУРАХШОН СОЗ!

РАМЗИ ДОНИШГОҲ  - 106

Нишонаи мо: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон,ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ ½,

Тел.: (+992 37) 2348346, 2348352,

E-mail:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,

Сомона: www.tguk.tj,   

Саҳифаи мо дар фейсбук

_________________________________

Барои гирифтани маълумоти пурра аз нишониҳои (ссылка) дар поён буда истифода баред:

АФЗАЛИЯТҲОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

ВАЗИФАҲОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШАИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2021

НАҚШАИ ҚАБУЛ БА ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020 - 2021

НАҚШАИ ҚАБУЛ БА ЗИНАИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020 -2021

ҚОИДАХОИ ҚАБУЛ БАРОИ ИДОМАИ ТАҲСИЛ БАЪД АЗ ХАТМИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

ҚОИДАХОИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН-ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2021

ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БАРОИ ГИРИФТАНИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ДУЮМ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020 - 2021

МАЪЛУМОТ ДОИР БА ИХТИСОСҲО ВА МАБЛАҒИ ТАҲСИЛИ ОНҲО БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020 - 2021

МАЪЛУМОТНОМА ДОИР БА БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТИИ ДДТТ

ЧОИЗАҲО ВА СЕРТИФИКАТҲО

МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ДОВТАЛАБ

ВИДЕОГАЛЕРЕЯ

Миссияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – рушди технологияҳои инноватсионии таълим дар соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ, ташаккули тафаккури эҷодӣ ва салоҳияти касбӣ, ҳифз ва афзун намудани арзишҳои иҷтимоию фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ дар асоси ҳамгироии таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ.

Ректори ДДТТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н.

_______________________________________

ДДТТ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нахустин шуда, соли 2005 ба низоми кредитии таҳсилот гузашт.

ДДТТ бакалаврҳо, магистрҳо ва докторҳои PhD – ро аз рӯи низоми бисёрзинагии таҳсилот, ки дар аксари давлатҳои ҷаҳон пазируфта шудааст, омода мекунад.            

ДДТТ яке аз муассисаҳои олии пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз рӯи 34 ихтисос дар соҳаҳои иқтисодиёт ва тиҷорат мутахассис омода мекунад.

Дар ДДТТ имконияту шароити  мусоид  дар истифодаи босамари технологияҳои муосир, дар раванди таълим, гузаронидани тадқиқотхои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ вуҷуд дорад ва раёсати донишгоҳ нахустин бор дар кишвар низоми таҳсилоти фосилавиро мавриди амал қарор дод.

ДДТТ дар байни муассисаҳои олии касбии кишвар нахустин шуда, соли 2012 аккредитатсияи байналмилаии барномаи таълимии 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ (бакалавр) ва соли 2019 барномаҳои таълимии 250104 – молия ва қарз (бакалавр, магистр), 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ (бакалавр, магистр), 250107 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо (бакалавр) ва 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ (бакалавр) соҳиби шаҳодатнома гардид.   

Таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шаклҳои рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ гузаронида мешавад. 

___________________________________

ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ 
БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ҲУҚУҚ

1-25.01.03 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
1-23.01.01.03 - ташкили робитаҳои байналмилалӣ;
1-23.01.02.05 - таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ);
1-24.01.01.04 - ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ;
1-24.01.03 -ҳуқуқи иқтисодӣ;
1-24.01.02.04 -ҳуқуқи андозу бонкӣ;
1-24.01.02.05 -ҳуқуқи гумрукӣ;
1-24.01.02.16 - ҳуқуқи иттиллот.

ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

1-25.01.04 - молия ва қарз;
1-25.01.04.02 - кори бонкӣ;
1-25.01.04.03 - андоз ва андозбандӣ;
1-24.01.04.04 - суғурта;
1-25.05.05 - омор.

Магистрҳо ва докторҳои PhD аз рӯи ҳамаи равияҳои иқтисодӣ омода карда мешаванд. 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top