Пешниҳоди олимони ДДТТ

Печать

29 - уми ноябри соли 2019 дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои оид ба ташкили фаъолияти Шӯро ва натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар соли 2019, фаъолияти мақомоти гумрук дар самти ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ, фаъолияти Портали савдои Тоҷикистон ва ҷамбасти натиҷаҳои ҷаласа мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

Дар кори ҷаласаи Шӯро Роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, cардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, намояндагони мақомотҳои иҷроия ва аҳли тиҷорат иштирок намуданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар баромад намуда, қайд намуданд, ки “Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мақсади Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, ин пеш аз ҳама мусоидат намудан дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Инчунин, муовини якуми Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. вобаста ба дастовардҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои фаъолият мақомоти гумрук дар самти содагардонии расмиёти савдо дар соли 2019 ба онҳо ноил гардид, маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Ӯ қайд намуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷониби мутахассисони Хадамоти гумрук ва Кумитаи миллӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намуданш тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба ҷорӣ намудани боби нав «Танзимгари ваколатдори иктисодӣ» таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 ноябри соли 2019 муҳокима ва қабул карда шуд.

Сипас, маърӯзаи сардори шуъбаи Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумрук Ёров Ёрмаҳмад дар мавзӯи «Фаъолияти мақомоти гумрук дар самти ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ» шунида шуда, аз ҷониби иштирокчиён мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳамчунин, навори видеоӣ оид ба истифодаи Портали савдои Тоҷикистон  дар мавзӯи «Фаъолияти Портали савдои Тоҷикистон», манзури иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро гардонида шуд.

Баъди намоиши навори видеоӣ иштирокчиёни ҷаласа, аз ҷумла, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи «АВВАТ», Ассотсиатсияи брокерон, Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону» ва Барномаи JIZ вобаста ба ин мавзӯъ фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

Мавриди зикр аст, ки баромад ва таклифҳои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, аз ҷумла таклифҳои мудири кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Нозимҷон Нидоев оид ба дастовардҳои мақомоти гумрук дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷалби олимон дар таҳияи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт ҳалли худро пайдо намудани масъалаҳои байни мақомоти гумрук ва иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва минбаъд боз ҳам ҷоннок намудани иштироки олимони соҳаҳои дахлдор дар таҳияи санаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳамчун дуюмин маърӯзачӣ аз руй масъалаҳои дахлдори рӯзномаи ҷаласа фикри худро баён намудани онҳо аз ҷониби ҳозирин ва Раёсат ҷонибдорӣ карда шудаанд.

Кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукии ДДТТ