Роғун- Шаҳчанори боғи истиқлол гардид.

Калонтарин иншооти аср дар саросари кишвар ва минтақа ин Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба шумор меравад, ки мувофиқи лоиҳа 6 агрегати ҳар кадоми он бо иқтидори истеҳсолии 600 МВт иборат буда, ба 3600 МВт (зиёда аз 17 млрд кВт/с) баробар мебошанд. Баландии девораи обанбори он 335 метрро ташкил дода дар захираи об мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

Нахуст сохтмони неругоҳ 27 сентябри соли 1976 оғоз гардида, бояд аз ҳисоби буҷаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ сохта ба истифода дода мешуд. Дар маҷмӯъ дар лоиҳаи мазкур 300 коргоҳи ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок доштанд. Моҳи декабри соли 1987 маҷрои дарё баста шуд, ки бо сабаби нотамом будани сохтмон мувақатӣ мансуб меёфт. Соли 1993 девораи платина устуор гардонида шуда, баландии он то 40 метр расонида шуд, ки моҳи майи ҳамон сол бо сабаби офатҳои табиӣ нақбҳо қисман хароб шуданд. Баъдан бинобар сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар сохтмони неругоҳ аз фаъолият боз монд.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва кушишу заҳматҳои Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати руссиягӣ «Русский алюминий» («Русал»)-и Федеретсияи Россия оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун шартнома ба имзо расид. Моҳи декабри соли 2006 шартномаи тарафайн аз тарафи сарвазири ҳукумати Федератсияи Россия Д. Медведев бо пешниҳоди ғайримақсаднок будани иншооти аср мавқуф гузошта шуда, 29 августи соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаро бо Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федеретсияи Россия бекор кард.

Бо мақсади ҳар чи зудтар тезонидани раванди сохтмон дар неругоҳ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи обии барқии Роғун» таъсис дода шуда, оинномаи он 15 апрели соли 2008 ба маблағи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид ва ин маблағ соли 2009 ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд, ки ширкатҳои хориҷӣ ба сохтмони иншооти мазкур ҳусни тоза бахшиданд.

Мувофиқи маълумотҳои омории кишвар соли 2015 аз ҳисоби саҳмияҳои неругоҳ ба маблағи 860 млн сомонӣ ба оиномаи иншоот ворид гардид.

Вобаста ба пурзур гардонидани раванди сохтмон соли 2015 дар миёни 40 адад ширкатҳои байналмилалӣ, ширкати Salini lmpregilo- и Ҷумҳурии Итолиё барои сохтмони обанбор фаъолтар дониста шуда, айни замон аз 22 ҳазор нафар коргарони техникию муҳандисӣ 1569 нафарашонро коргарон ва мутахассисони ин ширкат ташкил медиҳанд.

Аҳамияти стратегии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, иброз доштанд, ки “НБО Роғун – воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад!”

Соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлиди барқ ба ҳар як нафар аҳолии мамлакат ҳудуди 2000 киловатт соатро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 4 маротиба афзуда, ба 4000 киловатт соат баробар мегардад. Он имкон медиҳад, ки таъминоти мардум бо неруи барқ ҳам дар минтақаҳо ва ҳам дар пойтахти мамлакат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Инчунин, имконият фароҳам меояд, ки корхонаҳои муштараки бузурги саноатӣ бо кишварҳои хориҷ ташкил карда шаванд, ки дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми бузург хоҳад гузошт.

Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 амалӣ мегардад. CASA – 1000 лоиҳаест, ки тибқи он интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад ва дар ин самт созишнома ба имзо расонида шудааст. Ин имконият медиҳад, ки ҳар сол ҳудуди 5 миллиард киловатт соат неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир карда шавад, ки аз он 3 миллиард киловатт соат ба Тоҷикистон рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи CASA – 1000-ро бештар аз 10 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ҷонибдорӣ кардаанд, ки тибқи ин лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар тавлид, фурӯш ва ҳам дар содироти неруи барқ афзалияти бештар дорад, зеро дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад.

Бо талошу заҳматҳои пайдарпай ва корсозиҳои Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва баромадҳои сарвари давлат аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли 2018 дар рӯзи Президент ба кор оғоз намуд. Рузи 16 нояби соли 2018 барои миллати тоҷик санаи таърихӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон дар ин сол аз бумбасти комуникатсионӣ баромада, ба як ҳадафи стратегии худ ноил гардид. Инчунин истиқлолияти энергетикиро ба даст овард, ки барои кишварҳои минтақа муфид арзёбӣ мегардад.

Пас аз 28 соли ба даст овардани истиқлолият моҳи сентябри соли 2019, ки рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, агрегати 2-юми Неругоҳи барқи обии Роғун ба кор дароварда шуд. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз он, ки ҳарифони зиёди байналмилалӣ дорад истиқлолияти энергетикиро ба даст овардааст ва дар оянда умед аз он дорем, ки ин сарзамини офтобрӯя ба як кишвари саноатӣ табдил ёфта, дар арсаи байналмилаӣ як кишвари пешрафта баромад менамояд.

Назаров Д.Н. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top