Нангу номуси миллӣ қувваи сафарбаркунанда баҳри пешрафти миҳан

Борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон дар назди қишрҳои гуногуни иҷтимоии ҷамъият такрор ба такрор таъкид месозанд, ки нангу номуси миллӣ доштан даркор аст. Зеро ин пешвои оқилу дурандеш чӣ гуна қувваи сафарбаркунанда доштани ин ду мафҳуми ахлоқӣ – рӯҳиро хуб медонанд.

Табист, ки нангу номус-қувваи ботинӣ-рӯҳӣ хоси инсони солиму дурандеш буда, дар ҷараёни зиндагӣ барои он талош менамояд, ки ба касе вобаста ва ба чизе эҳтиёҷ надошта, баҳри беҳбудию сарбаландӣ, қафо намондан аз пешсафон пасттар набудан аз ҳамсафону ҳаммаслак талош варзидан, аз нодорию ночорӣ, аз нотавонии бечорагӣ аз қафомондагии зеҳнию касбӣ, норасоии иқтисодӣ, дастнигарии дигарон будан, азияти рӯҳӣ мекашад ва барои ҳамин тамоми тавоногии ҷисмонию зеҳниашро барои дар оила, доираи хешу табор, дар ҷомеа ва умуман ҷомеаи башарӣ сарбаланд будан сафарбар менамояд. Ҳамин азияти рӯҳӣ инсони бо ору номусро шабу рӯзҳо талқин менамояд, ки вазъияти қарордоштаашро тағйир диҳад, ба шарте, ки шахс дорои ҷаҳонбинии васею бой маънавӣ буда, қобилияти муташаккилсозии иродавию зеҳнию ҷисмониашро дошта бошад.

Аслан ин ду мафҳум дар адабиёти илмӣ-сиёсӣ кам истеъмол буда, дар байни мардум серистеъмол аст ва онҳо бештар ба ҳолатҳои рӯҳии инсонҳо пайвастанд, ки заминаашон дар муҳити оила гузошта мешавад. Бесабаб бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боиси муҳокима ва қабули он нагардида буд.

Аз ин мебарояд, ки чӣ гуна ташаккул ёфтани кӯдак пеш аз ҳама, ба муҳити маънавии хонаводагӣ, дараҷаи камолоти ботинии волидайн, аз як тараф ва омодагии ботинии кӯдак аз ҷониби дигар барои қабули хислатҳои неки инсонӣ дар ташаккули симои маънавии насли оянда таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Мо дар зиндагии муқаррарии мардум мебинем, ки волидайн аз танбалии фарзандон шиква мекунанд ва аз он ки фарзандони ҳамсояашон чунин нестанд, ҳасад мебаранд ва шарм низ медоранд. Аз ин рӯ, чунин волидайн фарзандонашонро ба надоштани нангу номус таъна мезананд, чаро фарзанди фалонӣ аълохон, фаъол ва ҳунарманд асту аз дасти ту ҳеҷ кор намеояд, бадхону танбал ҳастӣ. Чаро аз онҳо ибрат намегирӣ? Чунин таънаю маломат фарзандонро ба нанг меорад ва ӯро ба шахси муваффақ табдил медиҳад. Албатта, таънаю маломат на ба ҳама таъсири нек мегузорад.

Таънаю маломат, сарзаниш ба ҳамон касоне таъсири судманд мебахшанд, ки ниҳоди маънавиашон бой буда, табъи нозук ва ақли расо дошта имконияти муқоисасозии худро ба дигар ҳаммисону ҳамсолонаш дошта, камбудӣ ё афзалияти хешро аз дигарон дониста мегиранд. Дар таърихи Маъсудӣ омадааст, «Нахустин сифати инсони хуб он бошад, ки зоти хеш бидонист, чизеро дарёфт. Ҳар кас, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонист донистан».

Агар чунин набошад таънаю маломат низ таъсир надорад. Дарки ҳамин, ки чаро он касс ба ин дараҷа расидааст ва ман не? Чаро вай метавонад, вале ман наметавонам, ки ҳанӯз дар овони кӯдакию синни мактабӣ дар майнаи насли ҷавон ҷой мегирад, бо мурури ба камол расӣ доираи фаъолияти чунин ҷавонон аз муқоисаи «ман» бо «вай» ва «мо» бо «онҳо» аз доираи мании муҳити оилавӣ ба муҳити мураккабтаре мегузарад.

Ин ҷиҳат ҷавононро ба он водор месозад, ки акнун дараҷаи зиндагию рӯҳии миллиашонро бо миллатҳои дигар муқоиса созанд, ки чаро дигар миллатҳо дар илму техника пешраванду аз натиҷаи маҳсули зеҳнии халқҳои дигар онҳо истифода мебаранду аммо миллати вай ба ҷаҳониён ба ғайр аз ашёи хом ё нимтайёр чизи дигар намедиҳад. Онро дарк кунанд, ки мамлакатҳои пешрафта, барои аз худ намудани сайёраҳои дигар талош менамоянду онҳо бошанд имкониятҳои моддии сарзамини хурди аҷдодиашонро қудрати пурра истифода бурдан надоранд. Чун сабаби қафомонии хешро фаҳмиданд, барои аз ин ҳолат миллату давлатро ба зинаи баландтари тарақиёти иқтисодӣ, илми-техникӣ бардоштан талош менамоянд.

Миллатҳои ба ояндаи дур некбинона назаркунанда бо доштани мероси бой гузашта қаноат накарда, сайъ менамоянд, то худ мисли гузаштагонашон аз паси худ барои наслҳои оянда номи нек бимонанд.

Инсони ба ақл ному мероси гузаштаашро ҳамчун замина ба хотири пешравӣ ба қуллаҳои баландтари иқтисодӣ, сиёси, илмӣ, техникӣ ва бо ҳамин васила баланд бардоштани шаъну эътибори давлати миллӣ ва мустаҳкамсозии истеҳсолоти миллӣ, истифода мебарад.

Дар яке аз конференсияи илмӣ дар шаҳри Алмаато, моҳи майи соли 1983 профессор Қосимҷонов ба мо рӯ оварда гуфт: Агар мо қазоқҳо аз сад як фисади фарҳанги маънавии тоҷиконро медоштем, аввалин шуда мо ба моҳ мебаромадем. Алҳол мо барои он талош менамоем, ки дар солҳои наздик ба технологияи навтарини муосир дастрасӣ пайдо намоем. Барои ин ҳамаи имкониятҳоро дорем ва муҳимаш он аст, ки қадаммониро донистаем ва аз ин ҳолат баромаданро қарзи фарзандии худ дар назди Ватан медонем. Воқеан имрӯз ин миллати ба ору номус, ки 500-солагии хонигарии қазоқро ҷашн гирифтанианд, дар пояи хеле баланди тараққиёти иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ қарор дорад. Мо бошем барои расидан ба арҷи аълои дарёфтҳои милли, ки воқеан ба миллати мо хос аст, равонем.

Пос доштани ору номуси солим хоси ҳамон инсонҳоест, ки дар мактаби солими тарбиявии оилаи солим ва муҳити солими иҷтимоӣ гузашта, ҷавонон дар симои волидайн, калонсолони оилаҳо гирду атроф, фаъолияти мақомотҳои роҳбарикунандаи давлатӣ, аҳли илму ҳунар намунаи неки ибратро мебинанд.

Барои насли ҷавон муносибати амалии калонсолон бо ҳамдигар муносибаташон ба корҳои ҷамъиятӣ, андешаҳои онҳо доир ба баланд бардоштани шаъну эътибори давлату миллат ва талоши воқеии онҳо барои пешрафти ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмию техникӣ имкон медиҳад, ки ба насли калонсол пайравӣ намоянд.

Имрӯз, ҷавонон дар ду роҳа мондаанд, зеро шоирону ходимони сиёсӣ дар шеърҳою баромадҳояшон ҷумлаҳои «Тоҷикистон ҷону ҷонон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Тоҷикистон ватани биҳиштосо», «Ҷаннати рӯи замин» мегӯянду мутаассифона, ин на ба дили ҳама ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Агар ин суханон ширину самимӣ ба дили аҳли сарвату сиёсат таъсир мерасонид ва агар онҳо бар он талош меварзиданд, ки бе инкишофи ҳамаҷонибаи илмҳои бунёдӣ, бе ҷаҳонбинии илмӣ, ҷомеаро пеш бурдан ғайриимкон асту онҳо барои азбарнамоии илму техникаи муосир дар пояе мегузоштанд, ки он ҳамаро фарогир менамуд, он гоҳ Тоҷикистон ба қатори давлатҳои пешрафта табдил меёфт.

Барои ин бояд давлат барои насли ҷавон фазои илмие муҳайё созад, ки дар ҳама ҷо сухан дар бораи илму техника, эҷодкориҳо, ихтироотгарӣ бошад.

Фазое ба вуҷуд оварда шавад, ки фарзанди тоҷик аз муздуршавию, идоракарда натавонистани техникаю-технологияи мураккаб, ихтироъкор ва навовар набудан, надоштани истеҳсолоти илмталаб шарм дошта, тамоми қудрату тавоноии зеҳниашро ба хотири пешрафти давлати миллию дастгирии сиёсати сарвари давлаташ сафарбар намуда бо вай ҳаммарому ҳаммақсад бошанд.

Фазое бояд ба вуҷуд оварда шавад, ки ҳар кадом насли ҷавон, ҳам худ ва ҳам ҳаммиллатонашро барои амалисозии ҳадафҳои асосии Пешвои муаззами миллат, барои мустаҳкамсозии соҳибистиқлолии миллӣ ва ягонагии миллӣ равона созад.

Дар ин ҷода нақши сарварони миллӣ ва солимияти воқеии онҳо дар бедор ва тақвиятбахшии нангу номуси миллат хеле арзишманд аст.
Агар мо ба ҳолати иқтисодию сиёсии охирҳои солҳои 60-уми асри ХХ яке аз давлатҳои мусулмонӣ Малайзия таваҷҷуҳ намоем, ин давлат хеле қафомонда буд, аммо як муноқишаи сиёсии байни сарвазири ин кишвар бо намояндаи роҳбари намояндагии давлати Чин дар СММ ба он боис гашт, ки сарвазири Малайзия Абдураззоқ баъди бозгашт, аз тариқи симо ва садои кишвараш бо чунин суханон муроҷиат намуда буд. «Ай халқи мусалмон! Шумо баргузидагони худовандед. Чун чунин ҳастед, мусулмон бояд аз ҳама донишмандтар бошад, хубтар зиндагӣ кунад, ҳамеша дар паи такмили илму маърифаташ бошад идора намудани корхонаю молияро дошта бошад. Аммо чаро мо мусулмонони ин сарзамин ҳаёти иқтисодию молиявиамонро идора карда наметавонем? Чаро дар ватани мо ин корро чинниҳо идора мекунанд?...» .

Ин даъвати Абдураззоқ барои тамоми аҳолии мусулмони ин давлат ҳамчун барномаи фаъолияти ҳар як мусулмони ин кишвар гашта, ба он оварда расонид, ки дар тӯли камтар аз бист сол тамоми муассисаҳои молиявию саноатиро аҳолии таҳҷоии ин мамлакат идора мекардагӣ шуда, алҳол ба яке аз давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ дар қатори пешрафтатарин давлатҳо қарор дорад.

Ин мардум аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи худашон офарида фахр мекунанд, на аз рӯи доштани қасрҳою, мошинҳои гаронбаҳо ва на аз гузаштаи пурғановат.

Инсонҳои ба оянда ҳадафмандона нигаранда аз доштаашон ҳамон вақт мефахранд, ки вай худ дар офаридани он шарик бошад. Вай маҳсули ҷаҳду талоши худаш ва замони худаш бошад.

Гузашта аз ин, вай ҳамеша дар андешаи боз як қадам ба пеш гузоштан, як зина боло бардоштани ватанаш, сарзаминаш, давлаташ миллаташ аст.

Вай медонад, ки танҳо тавасути илмомӯзӣ ва дар амалияи истеҳсолӣ корбаст намудани он, ҳам рушди иқтисодии миллат, ҳам пурзӯршавии давлати миллӣ ва ҳам сарбаландии миллӣ таъмин гашта садоқати худро ба Ватан нишон додан мумкин аст. Дар ин ҷода Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон дар назди аҳолии Бадахшон соли равон чунин таъкид сохтаанд, ки «Шахс ҳамон вақт ватандӯст дониста мешавад, ки агар сарзамини аҷдодӣ ва забони давлатии худро воқеан азиз шуморад, арзишҳои миллӣ ва таърихи пуршарафи халқи хешро посу гиромӣ дорад ва барои ҳимояи марзу буми Ватани худ ҳамеша омода бошад».

Ҷавони имрӯзаи тоҷик агар чанд сураи Қуръони Маҷидро бидонад мефахрад. Дар назди марди «салладор» аз «калладор», ки пешрафту тараққиёт ва зиндагии серу пур аз бисёр ҷиҳат бо меҳнати босамари онҳост, қимматаш болотар аст.

Салладорони ҳар як маҳал аз он ор мекунанд, ки ҳамсоядеҳаашон масчиди барҳаво сохтаанд, пас чаро мо насозем? Нангу номуси ин қабил ашхос на барои таъмини ваҳдати миллӣ, пешрафти ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, пурқувват намудани давлати миллӣ, балки барои аз ҳам дуршавии мардум аст. Агар чунин набошад, ба ҳам наздик будани аҳли ислом ва баробари донистани каломи раббонӣ донистани илмҳои дунявӣ, технологияи нави истеҳсолӣ, машғулият доштан ба кори созандагӣ, боиси баланд бардоштани эътибори миллиашон мегашт.

Аммо нангу номуси онҳо барои ободии миллаташон нигаронида нашудааст, балки як навъ таблиғу ташвиқи арзишҳое мебошанд, ки аз ҷониби худашон низ қадр карда нашаванд. Агар чунин намебуд, аҳли тиҷорат, ки аксарияти мутлакашон «ҳоҷиянд», намозгузор ва ба ақли худашон «мусулмони асиланд», дар арафаи идҳои исломӣ нарху наворо барои «савоб» арзон намекунанд, балки онро гаронтар месозанд.

Иллати дигар дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ташаккули нангу номуси ғалат дар байни аксари сармоядорону ҳокимиятдорон, оилаю хешу таборони он ҳаст, чунки онҳо худро аз аксарияти аҳолӣ баланд ҳисобида, барои худ имтиёзи нонавишта медиҳанд.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки фарзанди сармоядор ва ё мансабдор на ҳамеша исъёрҳои ақлонию ҳуқуқӣ ва афкори умумро эътироф менамоянд.

Фарзанди ҳокимиятдорро барои рафтори нодурусташ, бадхонаш, дарсшиканиаш ҷазо додан, аз донишкадаю донишгоҳҳо хориҷ кардан ғайриимкон аст.

Инро садҳо ҳаммислонашон мебинанду медонанд ва аз дастпарвар будани онҳо дили дигар ҷавонон нисбат ба давлат ва қонунҳои он хунук мешавад.

Падари мансабдошта аз он нангаш меояд, ки чаро фарзанди манн ҷазо бинад. Аммо фарзанд андешае наменамояд, ки бо рафтори мағруронаю нописандонааш эътибори падараш, қадру қиматашро паст мезанад. Фарзанд аз он шарм намекунад, ки чаро аз рӯи ман шуда обрӯ ақрабоям паст шавад.

Агар падару модар нангу номуси солим медоштанд, фарзанд низ аз онҳо ибрат мегирифт. Аммо барои чунин ба воя расидани фарзанд ҳамон падару модарон сабаб мешаванд, ки мегӯянд: чаро ман мансабдор, сармватманд бошаму чаро фарзандам ҷазо бигирад. Чунин нангу номус ғалату бемағз буда, боиси бадномист. Ин ғурур манфӣ аст.

Ҳақ ба ҷаноби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид месозад «танҳо тавасути меҳнати созанда ва аз худ намудани дастовардҳои илмӣ-техникии муосир таъмин намудани соҳибистиқлолӣ имконпазир аст»

Ташаккули нангу номуси солими миллӣ, корбасти он дар роҳи ба сатҳи ҷаҳонӣ боло бурдани иқтисодиёти давлати миллӣ, онро аз давлати истеъмолгари натиҷаи ақлу фаросати халқҳои дигар, ба интиқолдиҳандаи маҳсулоти ҷаҳонии миллии тоҷик сазоворест ба таъкид ва дархостҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Раҷабов Р.К.-профессор,
Хуморов Д.- дотсент,

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top