Ҳайф бар ту барин хабарнигор!

Мехостам андешаҳоямро нисбати ин мақолаи беасос, ки дар он на этикаи журналистӣ риоя шудаасту на мантиқ дорад ва аз хондани сатрҳои аввали он бӯи ғаразу хусумат ба машом мерасад, баён созам.

Мо дар асри 21 зиндагӣ карда истодаем, на дар асрҳои миёна. Мардуми пешқадами сайёра кайҳонро фатҳ карданду барои кашфи асрори нуҳуфтаи олам талош доранд. Муаллифи мақолаи “Боз ҳамон манзараву боз ҳамон масхара...” ва ҳаммаслаконаш бошанд, бозгашт ба асри миёнагиро доранд. Магар чӣ бадӣ дорад, пӯшидани либоси атласу адрас ва шодию хурсандӣ кардан дар назди Пешвои миллати худ, ё Сарвари давлати худ, ки ҳатто ҷаҳониён онро эътироф кардаанд? Ин ҷо мо ба ҷузъ бахилию ҳасад ва тангназарӣ дигар чизеро намебинем. Чаро мардум аз ваҳдати миллӣ, ки бо ҷаҳду талошҳои худи мардум таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки хизматҳояш дар ин бобат беназир аст ва воқеан ҳам ба мардум сулҳ овард, хурсандӣ накунад? Ман боварии комил дорам, ҳар қадар ки аз ин рӯйдоди таърихӣ солҳои зиёд гузарад, мардум ҳамон қадар онро бошукӯҳтар ва бо шодию хурсандии бештар истиқбол мегирад. Ва ба Пешвои миллати худ ки ба ҷангу хунрезӣ барои аз байн нарафтани давлату миллати тоҷик хотима гузошт, меҳру муҳаббати зиёдтар пайдо мекунад. Мардуми тоҷик мардуми ҳақиқатпараст ва ба ин ё он воқеа воқеъбинона баҳодиҳандааст, худ медонад, кӣ кӣ ҳасту чӣ чӣ.

Муаллифи мақола, агар мақола гуфтан ҷоиз бошад, дар асл ғаразнома ё туҳматномаи маҳз аст, мардони сарбаланди минтақаи Раштро ба беномусӣ айбдор мекунад, ки барои рақсу хурсандӣ кардани духтаронашон монеагӣ накардаанд. Бовар кунед, ин фикрҳое ҳастанд, ки ба давраи асри миёнагӣ ҳам рост намеоянд. Чӣ, магар нафароне, ки дар фронти халқӣ барои барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ сина сипар намуданд, кори бад карданд, ки муаллиф ботамасхур онҳоро аз табори “Фронти халқӣ” ва Эмомалӣ Раҳмонро Фиръавни аз табори “Фронти халқӣ” ном бурдааст.

Бефаросатии муаллифи мақола ба ҷое расидааст, ки Сарвари давлати тоҷикон Президенти маҳбуби кишвар Эмомали Раҳмонро ҷаноби ЭР гуфтааст. Ҳайф бар ту барин қаламкаш, ки сафедро аз сиёҳ фарқ карда натавонистаӣ!

Муаллифи муҳтарам, худат ва ҳамаслаконатро мусалмонӣ ҳақиқӣ шуморида, навиштаӣ, ки рақсу хурсандӣ кардан назди шахси бегона дар шариат мамнӯъ аст. Фаромӯш накун, ки дар дини мубини ислом “Шоҳ дар замин сояи Худо аст” гуфтаанд, пас чаро мо дар назди шахсе, ки бароямон сулҳ, тинҷию амонӣ овард, гурезаҳоро ба Ватани аслиаашон баргадонд ва имрӯз низ баҳри ҳаёти осоишта ва зиндагии серупураш заҳмат кашида истодааст, шодию хурсандӣ накунем, гарму самимӣ истиқболаш нагирем? Охир мо аз қадим мардуми меҳмондӯст будем-ку. Пас, ин суханҳои по дар ҳавои Шумо чи маънӣ дорад? Агар надонӣ, ба хотират меорем, ки дар байрақи Аморати Бухоро низ навишта шуда буд, ки: “Шоҳ дар замин сояи Худост”. Ё мардумони дар замони Аморати Бухоро зиндагӣ кардаро низ номусулмон мешуморӣ?

Дар мақолаатон хостед, ки шаъну шарафи Президентро паст занед. Духтарора нонпазӣ буомӯзонен навиштаед. Чӣ ҷо бадӣ дорад, насиҳати ин ё он шахс ба ҷавонон. Боварӣ дорам шумо ва ҳамаслаконатон, ки ҳама вақт аз таги нохун чирк мекобед, ҳамин хел насиҳатҳои падаронаро, ки Президенти муҳтарам гуфтаанд, ба фарзандону наздиконатон намегӯед. Боз навиштаед, ки табақу туҳфагирӣ. Ҳамин ҳам гап шуд. Мардум аз рӯйи ихлос ва меҳру муҳаббати бепоён ба Пешвои миллат табақ туҳфа кунанду Шумо онро ғаразнок маънидод кунед. Магар ҳамин ҳам ҷавонмардӣ шуд? Вой бар ҳолатон!

Муаллифи муҳтарам, магар маҳсулоти бо арақи ҷабин парваришкардаи худро ба намоиш гузоштан айб аст, ки Шумо ҳамаи инро ба хотири Президент гуфта шарҳу тавзеҳ доданӣ мешавед.

Хабарнигори муҳтарам, хулоса карда гуфтанием, ки мақсади ягонаи Шумо паст задани Президент ва давлати миллии тоҷикон, ки маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи ӯ имрӯз дар саросари олам шинохта ва машҳур гардидааст, мебошад. Вале ин коратон билкул хом аст. Мардум Пешвои худро дӯст медошт ва дӯст медорад. Эҳтиром мекард ва боз аз ин ҳам бештару зиёдтар эҳтиромаш хоҳад кард. Дар урфият мегӯянд: “Зӯри беҳуда миён мешиканад”. Хубаш, ки ба гуноҳҳоятон мардонавор иқрор шаведу аз дур бар сари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сангпартоӣ накунед. Боварӣ дорам агар ба гуноҳатон иқрор шавед, Пешвои миллат, ки хеле софдилу меҳрубон ҳастанд, аз гуноҳатон мегузарад ва авф мекунадатон.

Хубтараш бо мардум бошед.
Хирадманде гуфтааст:
Зи мардум зодаӣ, бо мардумӣ бош,
Нашояд дев будан, одамӣ бош!

Р. Шарифов, шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top