Ҳақиқат ва замон

Дар замони рушди босуръати технологияи иттилоотӣ ҳар як шахси огоҳу ноогоҳ имкон дорад, ки фикру ақидаҳои худро доир ба масоили гуногуни иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар шабакаи иҷтимоӣ интишор намояд.

Дар моҳи майи моли 2019 нафаре ба номи Ҳафиз Бобоёров мақолаеро таҳти унвони “Таҳрифи таърих ба хотири машруияти исломи сиёсӣ” дар посух ба матлаби “OCCRD: Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон” дар шабакаи иҷтимоӣ интишор намуд, ки дар он муаллиф андешаву ақидаҳои худро дар бораи масоили гуногуни феълии давлату ҷомеаи Тоҷикистон баён кардааст. Ин афкору ақидаҳои Ҳафиз Бобоёров дар масъалаҳои бекорӣ, фасодкорӣ, хизматрасонии иҷтимоию маишӣ, буҳрони иқтисодӣ, гаронии андоз, фазои номусоиди соҳибкорӣ ва маҳдудияти озодии баён дар кишвар беасосу муғризона, ғайриобъективӣ ва бе таҳлили аниқу дурусти илмӣ мебошад ва ҳаргиз қобили қабул нест.

Масъалаи бекорӣ дар ҳар як давлати дунё ва дар давлатҳои пешқадам низ вуҷуд дорад, ки аз он кишвари мо ҳам истисно нест. Аммо Ҳукумати кишвар дар доираи барномаҳои муайяни давлатӣ барои кам кардани саффи бекорон, паст намудани шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеа ва ба кор таъмин кардани шаҳрвандон кӯшиш карда истодааст.

Дар кишвар аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор бар зидди фасодкорӣ (коррупсия) муборизаи пурзӯр бурда мешавад ва дар ҷомеаи имрӯзаи мо нисбат ба ин падидаи номатлуб касе бетараф ва фориғбол нест.

Андешаи Ҳафиз Бобоёров дар масъалаи фазои номусоиди соҳибкорӣ дар кишвар сухани беасос ва дурӯғи маҳз аст, чун ҳар як шаҳрванди кишвар медонад, ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи рушди босуръати соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Кишвари мо дар бӯхрони иқтисодӣ қарор надорад ва баръакс дар он рушди босуръати иқтисодӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳадафи чоруми милли мо саноаткунонии кишвар мебошад ва боварии комил аст, ки дар сурати татбиқи саривақтии ин нақша кишвари мо аз ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ ба мамлакатӣ саноатӣ-аграрӣ табдил меёбад.

Маҳдудияти озодии баён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шояд дар андешаю пиндори Ҳафиз Бобоёров вуҷуд дошта бошад, аммо мо боварии комил дорем, ки ин чиз дар кишвар нест. Муаллиф агар худро олим ҳисоб кунад, бояд дар асоси далелу бурҳон сухан гӯяд ва пеш аз сухане гуфтан андеша мебояд кард.

Дар ин мавзӯъ пирони хирад фармудаанд:

Сухан к-он аз сари андеша н-ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Ҳар як шаҳрванди банангу номуси кишвар ба ояндаи неку саодатманди мардуми шарифи тоҷик ва пешрафту шукуфоии меҳани азизи мо-Тоҷикистони соҳибистиқлол боварию умеди комил дорад ва ин ояндаи равшану дурахшони меҳанро худи мардуми тоҷик бо роҳбарии хирадмандона ва муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд меоварад.

Агар Ҳафиз Бобоёров ояндаи Тоҷиистонро торику номуайян тасаввур кунад, ин далели он аст, ки аз воқеият ва вазъи феълии сиёсию иқтисодии кишвар огоҳии комил надорад ва ё ҳамаи муваффақияту комёбии мардуму аъзои давлату Ҳукумати кишварро нодида мегирад. Дар ин маврид метавон гуфт, ки ҳақиқату воқеият хилофи афсонапардозӣ ва пиндору гуфтори муаллифи мақола аст.

Муаллиф мегӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистон одамонро ба хотири мавқеъ, ақида, нуқтаи назари сиёсӣ, шаҳрвандӣ ва ҳатто барои як ишора (лайк) таъқиб ва зиндонӣ мекунад ва шумораи зиндониёни сиёсӣ аз ҳисоби ҳизби исломӣ афзоиш меёбад.

Чунин нуқтаи назари муаллиф дар бораи фаъолияти аъзои Ҳукумати Тоҷикистон комилан нодуруст аст ва ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад, ки андешаи худро доир ба масоили гуногуни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар озодона баён кунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати демократию ҳуқуқбунёд аст, ҳамаи шаҳрвандони он дар назди қонун баробар мебошанд ва нафаре ба нафаре афзалият надорад.

Кунун дар Тоҷикистон фазои мусоиди сиёсӣ вуҷуд дорад, ки дар он намояндагони ҳамаи миллатҳо ва дину мазҳабҳо озодона зиндагӣ мекунанд. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф ва тандурустии кишвар рушд карда истодааст.

Кулли ин дастоварду комёбии давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатии кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст ва мо шукри ободию озодӣ, модару меҳан ва Президенти мардумии кишварро менамоем.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top