Кори неку арзанда

Бо тадбир ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт.

Ҳамагон дар ёд доранд, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳум дар шаҳри Хуҷанд ба халқи тоҷик муроҷиат карда савганд ёд кардаанд: агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз боз мегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагиӣ нахоҳам кард.

Имрӯз шоҳидем, ки он суханон як шиори холии сиёсӣ набудаанд, балки он суханони самимии як фарзанди халқи тоҷик, будааст, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани кӯдакон ва ноболиѓон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи гурӯҳои тундрав (ДИИШ) ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шуда буданд, мавриди пайгирии ҷиддии мақомоти дахлдор ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт ва Ироқ бо роҳбарии сафир муҳтарам Зубайдулло Зубайдзода қарор дошт.

Шоми 30 юми апрели соли ҷорӣ бо ҳавопаймои ширкати ироқии E Fly Ilbie 84 кӯдаку фарзанди тоҷик аз урдугоҳи зиндонҳои Ироқ ба Душанбе оварда шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон шаби 30-юми апрел дар як изҳороти расмӣ гуфтаанд, ки баргардонидани кӯдакон бо пуштибонии Ҳукумат ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ва Қувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Ироқ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус, ЮНИСЕФ, сурат гирифтааст. Ин барои миллати ранҷкашидаи тоҷик, ки умеди худро солҳои навадуми асри гузашта канда буд ва бо хости Худои таъоло, Эмомалии Раҳмонро пешвои ин миллат гардид, як амали некӯ хайрхоҳона ва инсондӯстона аст аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Декани факултети молия ва фаъолияти бонкӣ,
номзади илми иқтисодӣ Фотеҳ Аминов.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top