Ифротгароӣ вабои аср

Солҳои охир дар байни мардум ва расонаҳои хабарии гуногун вожаҳои “ифрот” ва “ифротгароӣ” ниҳоят серистеъмол гардидаанд, ки ин пеш аз ҳама ба вазъияти ноустувори ҷаҳони муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ вобаста аст. Барои шарҳи ин мавзуъ ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама маънои ин вожаро ба хонандагон тавзеҳ диҳем. “Ифрот” вожаи арабӣ буда, маънояш “аз ҳад зиёд”, “беандоза”, “аз ҳад афзун”, “аз ҳад гузаштан”, “зиёдарави кардан” мебошад. Барои исботи гуфтаҳои боло ҷумлаеро аз “Ҷомеъ - ут - таворих” меорем : “дар он зимистон сармо бағоят буд ва барфи ба ифрот омад ”.

Фазои ҷаҳон имрӯз ноором аст ва давлатҳои абарқудрат тавассути аҳзобу созмонҳои мухталиф ва роҳу усулҳои зишттарин барои аз нав тақсим кардани он кӯшиш доранд. Дар айгни замон яке аз роҳҳои паҳншудатарини он ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Онҳ худро ташкилоти сиёсӣ муаррифи намуда, бо ҷалби ашхоси гуногун мехоҳанд қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Мутаассифона, бархе аз ҷавонони гумроҳ, камсавод ва ноогоҳи мо ба ваъдаҳои ғаразнокӣ саркардаҳо ва хоҷагони ин давлату созмону ҳизбҳо бовар карда ба сафи онҳо гаравидаанд. Дар воқеъ камогоҳӣ, нодонӣ, ғайримустақилият ва надоштани маълумоти фарҳангӣ ба ин амр сабаб мешавад, зеро зеҳни холиро ба зудӣ метавон бо ҳар гуна ваъдаҳову мафкура ва андеша пур кард. Солҳои охир бархе аз ҷавонон бештар ба моддиёт ва зоҳирпарастӣ майл карда, ба гуруҳҳои ифротию тундгаро шомил мешаванд. Онҳо даъвати нодуруст ва ғаразнокӣ ашхос ва мазҳабу равияҳои гуногуни барои мо бегонаро чуқур дарк накарда, гуфтаҳои онҳоро ба осонӣ қабул карда, бар зарари худ ва миллату ватани хеш рафтор намуда ба пушаймонӣ ва ғаму ғусса гирифтор мешаванд. Як гуруҳи ҷавонони мо ба обрӯ ва нуфузи миллат доғ оварда, ба созмонҳои ифротию террористӣ гаравида дар кишварҳои бегона бар зиддӣ ҳукуматҳои қонунӣ ҷангида истодаанд, ки ин амали нангини онҳоро касе намебахшад.

Ҳар як шахси худогоҳ ва солимақл бояд донад, ки ин афрот ҳамон хоинону ватанфурушоне мебошанд, ки мехоҳанд оромиву осудагии кишвари моро халалдор созанд. Аксари саркардаҳои созмонҳо ва ҳибҳои сиёсӣ барои амали намудани ҳадафҳои нопоки хеш ва манфиатҷӯйи ин корҳоро роҳандозӣ мекунанд ва вазъияти сиёсию иҷтимоии ҷаҳонро халалдор месозанд.

Аз бас ки дар айни замон дар гирдоби таблиғи гӯруҳҳои ифротию тундгаро ва ташвиқи баъзе идеологияҳои носолиму ғаразнок қарор дорем моро зарур аст, ки ҷавонон ва наврасонро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ифтихор аз фарҳангу маънавиёти баланди гузаштагон, арҷ гузоштан ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин бунёди ҷомеаи пешрафта тарбия намоем.

Барои пешгири кардани шомилшавии ҷавонон ва насли наврас ба гуруҳҳои тундгаро ва ифротӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани чорабиниҳо, аз қабили конфронсҳо, суҳбатҳо, вохӯриҳо бо ашхоси гунонгункасб, семинарҳо, мизи мудаввар, соатҳои тарбиявӣ ва дарсҳои намунавӣ мувофиқӣ мақсад мебошад. Инчунин дар ин чорабиниҳо ҷалб намудани падару модарон аз аҳамият холи неаст.
Дар айни замон вазифаи ҳар як фардӣ бедордилу ватанхоҳ, худогоҳу равшанзамири тоҷик аз он иборат аст, ки ҷавононро аз ин роҳ бар гардонанд ва нагузорад, ки бадхоҳони мо бо ҳар роҳу баҳона дар байни миллати мо ҷудоӣ андозанд. Дар оила, маҳалла, таълимгоҳҳо, ҷойи кор, умуман дар ҷомеъа кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ақидаву афкори аҷнабӣ дар байни мардуми мо, алалхусус ҷавонон роҳ наёбанд ва онҳоро аз роҳи рост мунҳариф насозанд.
Набояд фаромӯш кард, ки фардои дурахшони Ватани азизамон аз сатҳу сифати таълиму тарбия, донишу маллака, маҳорату таҷриба, забондонӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, омӯхтан ва донистани дастовардҳои илми муосир, техникаю технологияи нав, инчунин ҳисси баландӣ масъулиятшиносӣ, Ватанпарастию башардӯстӣ ва фарҳанги волои ҷавонон ба насли навраси Ҷумҳурӣ вобастагии зич дорад.
Лозим ба ёдорасит, ки дар асри 21 ифротгароӣ ва терроризм ба беморие табдил ёфта, ба як қатор мамтакатҳои ҷаҳон сироят кардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифротгароиро вабои аср эълон намуда қайд карда буданд, ки “Башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ ба рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин вабои аср бояд ҳамаи моро муттаҳид созанд ”.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top