Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастии миллат

Худшиносии миллӣ – маҷмӯи ҷаҳонбиниҳо, худогоҳиҳо, арзишҳо, баҳогузориҳо ва муносибатҳое мебошад, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доштани миллатро инъикос карда, мақоми миллатро дар байни дигар қавму миллатҳо нишон медиҳад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат буда, сатҳу дараҷаи он аз рӯи ченаке муайян ва муқаррар карда мешавад, ки то чӣ андоза афроди миллат ба манфиати миллат кору фаъолият ва фидокориҳо карда метавонанд. Худшиносии миллӣ асоси ҳаёти маънавии афроди миллатро ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ аз худшиносии афроди алоҳида шурӯъ гардида, дуввумӣ дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Худшиносии афроди алоҳида – ин яъне ҷавоб ёфтан ба пурсишҳое мебошад, назири: «ман кистам?», «асли ману ҷавҳари ман чист?», «падару модарам кистанд?», «миллатам чист?», «аз куҷо омадаам ва ба куҷо хоҳам рафт?», «роҳи ман кадом аст?», «рисолатам чист?» ва ғ. Вақте ки инсон ба ин гуна пурсишҳо посухҳои аниқу комил ё наздик ба он дарёфт менамояд, шурӯъ ба бунёди зиндагии солиму комил менамояд ва дар истеҳкоми бинои миллати хеш саҳм мегирад ва дар байни худшиносиии хешу миллати худ пуле бунёд месозад. Ва ниҳоятан худшиносии миллӣ ва худшиносии афроди алоҳида ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад. Бояд бигӯем, ки худшиносӣ аслан оғози ҳама гуна шинохтҳо мебошад. Аслшиносӣ, Худошиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, худшиносии миллӣ ва даҳҳо шинохтҳои дигар аз худшиносӣ сарчашма гирифтаанд. Худшиносии миллӣ авҷи баланди худшиносии фардӣ дар шакли густурдаву расмии он мебошад, ки дар бархурд бо худшиносии қавму миллатҳои дигар баҳри ҳимояву нигоҳ доштани ҳуввият ва арзишҳои касбкардаи хеш ҷаҳду талошҳои зиёде ба харҷ хоҳад дод.

Таърихи илмии форс-тоҷик ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳуввиятсози миллат хизмат кардаааст ва ҳар як фарди миллати моро ба нангу номуси миллӣ доштан, ифтихор аз арзишҳои гаронбаҳои миллӣ намуданро меомӯзонад. Бешубҳа бидуни омӯзиши илм ҳеҷ қавму миллате ба худшиносии миллӣ намерасад ва ё умуман аз байн меравад. Агар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз осору таълимоти ниёгони худ чун Зардушту Рӯдакӣ, Фирдавсию Сино, Хайёму Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Бедил, Айнӣ, Иқбол ва дигарон огоҳ намебуд, чӣ мешуд? Дақиқан манқурт мешуд. Ҳамаи ин бузургон ва бисёр дигар нобиғаҳои миллати мо – моро дар чаҳорчӯбаи асили одамият, инсонмеҳварӣ, дар асоси арзишҳои бузурги инсондӯстӣ, ки хоси миллати эронинажодон аст, тарбият кардаанд.

Таълимоти марксизм ленинизм таълим медод, ки инсон тавассути меҳнат аз ҷангал, аз барбарият, аниқтараш аз бузинагӣ ба ҳолату андоми зебои инсони имрӯзӣ расидааст. Мо рӯдакивор мегӯем, ки инсонро илм фалсафа, яъне таърихи ҷаҳонбиниҳо, донишҳою таҷрибаҳои ниёконамон инсон кардааст, ки дар ҳар як давру замон андак-андак бихрадони миллат дар сангҳо бингоштаанд, сол то сол, аз як насл ба насли дигаре расонидаанд, дар ҳар як аср сайқал дода, ба асри дигаре боқӣ гузоштаанд.

Дар Ғарб Арастуро ҳамчун асосгузори таърихи фалсафа шинохтаанд, аниқтараш ҳамчун асосгузори илми фалсафа ва низомбахши он. Ба андешаи мо, илм ҳамчун анвои гуногуни ҷаҳонбиниҳо ва фалсафа ҳамчун ганҷури ин ҷаҳонбиниҳо хеле барвақттар дар Шарқ оғоз гардидааст ва маҳз ниёгони мо – ориёиҳо асосгузори аввалин ҷаҳонбиниҳои устуравӣ, динӣ, динӣ-фалсафӣ, фалсафӣ, илмӣ, илмӣ-фалсафӣ будаанд. «Авасто» ҳамчун энсиклопедияи пеш аз ҳама илмӣ, динӣ, динӣ-устуравӣ, динӣ-фалсафӣ ва илмӣ-фалсафӣ дар қолаби дуруст гирифтани ҷаҳонбинии ақвоми ориёиасл, дар муайяну муқаррарсозии самти минбаъдаи ҳаёту фаъолияти эронитаборон, алалхусус миллати Тоҷик саҳми босазое доштааст. Дар баробари ҷаҳонбинии устуравӣ-динӣ доштани баъзе бахшҳои он, дар баробари ҷанбаи илмӣ-космогонӣ доштани бархе бобҳои он, муҳимтарин ва ҷавҳари асили ин китоби муқаддаси эронитаборон ҳамоно тарғиби ҷавҳари неку сутудаи инсонӣ ва мазаммати сифатҳои баду аҳримании он мебошад. Бо як далели бисёр ҷиддӣ собит сохтанием, ки Авасто пурарзиштарин ва муҳимтарин ва аз ҷиҳати илмӣ-амалӣ заруртарин ва мондагортарин барои тамоми башарият ҷавҳаре дорад, ки то ҳол инсоният роҳу усули аз он ба таври бояду шояд товони ҳамарӯза истифода бурданро наёфтааст ва ё надорад. Донишмандон бар ин боваранд, ки мағзу моҳияти аслии тамоми осори фалсафии инсониятро дар чанд китоб ҷой додан мумкин аст ва мағзу моҳияти ин чанд китобро дар як китоб ва мағзу моҳияти ин як китобро дар чанд саҳифаи китоб ва мағзу моҳияти ин чанд саҳифаро дар чанд сатр ё калима баён кардан мумкин аст. Ин корро ҳанӯз чаҳор-шаш ҳазор сол пеш аз мелод фарзандони фарзонаи миллати мо дар Авасто анҷом доданад: «Пиндори нек, Гуфтори нек, Рафтори нек». Дар ин чанд калима (ва ё ибора)-ҳои бисёр кӯтоҳ тамоми ҳикмату асли башарият ғунҷонида шудааст барои имрӯзу фардо, барои ҷовидон. Яъне, то замоне инсоният ҳасту боқист аз ин гуна беҳтару бузургтар ҳикмате наметавонад биофарад. Дар ин чанд калимаи бисёр содаву оддӣ, дар чанд калимае, ки гуфтанаш ниҳоят осон асту доим дар амал гардонидани он ниҳоят душвор. Ҳикмати ин чанд калимаро метавон дар садҳо ҷилд китоб тафсир кард ва роҳеро, ки фарзандони фарзонаи мо аллакай шаш ҳазор сол то мелод тай карда буданд, аз сари нав тай кард ва ё танҳо дар як китоби тафсирӣ-амалӣ-дастурӣ барои тамоми хонандагони макотиби миёнаву олӣ тартибу тавсия дод. Ин чанд калима дар худ он чунон ҳикмати бисёр бузургу азиме ҷой додааст, ки дар сурати дар амал татбиқ кардани он инсониятро ба хушбахтии ҷовидонагӣ мерасонад. Дар асл, ин чанд калима аслу моҳияти миллати Тоҷикон, худшиносии миллии моро ташкил медиҳад, ки ботини неку гуфтори неку рафтори нек ҷавҳари ҳастиямонро буруз кардааст. Ин чанд калима авҷи аълои маърифати мо, авҷи аълои худшиносии мо – ориёнитабор аст ва самти минбаъдаи рушду равнақи минбаъдаи мо ва ботини моро то имрӯз муайяну муқаррар кардааст. Аз ин рӯ, бо қотеият метавон гуфт, ки Зардушти Спитамон на танҳо аввалин шоиру олим, файласуф, муаллими ахлоқи инсоният (чуноне ки Нитче дар “Чунин гуфт Зардушт”-и худ бо исрор таъкид менамояд), балки муаррихи таърихи фалсафа низ мебошад. Зеро ӯ тамоми осори ниёгонамонро: нуҷум, тиб, таърих, дин, афкори фалсафӣ, ахлоқ ва ғ.-ро дар як ҷамъбасти куллӣ ба мо ба мерос гузоштааст. Муборизаи хайру шарр, некиву бадӣ ва оқибатуламр ғалабаи некӣ бар бадӣ дар Авасто нишонгари он аст, ки мо – Ориёиён - Тоҷикон (бидуни ҳеч як муболиға) худшиносии инсониятро асос гузошта, таърихи фалсафаи оламро рақам задаем.

Дар давраи ислом, ҳангоме ки забони арабӣ забони илму фарҳанг гардид, донишмандони форс-тоҷик илму фарҳанги баланди форс-тоҷикро ба забони арабӣ оварда, саромадони улум дар тамоми улуми замона – ҳикмат, нуҷум, тиб, ҳандаса, риёзӣ, тафсир, ҳадис, улуми адабӣ ва шеър маҳсуб меёфтанд ва бар пояи худшиносии миллии форс-тоҷик, ба арабҳо ва ҷаҳониён собит сохтанд, ки илму фарҳанги форс-тоҷик на камтар аз онҳост, балки ба маротиб болотару гаронмоятар мебошад. Донишмандони садри аввали форс-тоҷик – Форобӣ – муаллими сонӣ, Пури Сино – устоди табибони ҷаҳон, шайхурраис, амири файласуфон, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Умари Хайём ва даҳҳо тани дигар бахусус дар фалсафа, тиб, нуҷум ва сойири улуми замона дастболои Шарқу Ғарб ва номбардори миллати қадими худ шуданд, ки осори эшон то асри 19 китобҳои тадрисии донишгоҳҳои Ғарб маҳсуб ёфта, дар рушду равнақи минбаъдаи илми ҷаҳонӣ саҳми беандоза гирифтаанд.

Дар фиқҳ Имоми Аъзам, дар илми калом Абӯмансур Мотуридии Самарқандӣ, мактаби Паздавӣ, мактаби каломии ашъария – Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ ва донишмандоне назири Давонӣ, Тафтозонӣ ва даҳҳо тани дигар дар такомули ислом ва истеҳкоми фалсафӣ пазируфтани он нақши аввалиндараҷаро бозидаанд, ки бидуни хизмати донишмандони форс-тоҷик исломи муосирро тасаввур наметавон кард. Дар шаъни Салмони Форс ва умуман форс-тоҷикон ҳадиси саҳеҳи Пайғомбар (с), чунин мефармояд, ки: «Агар илм дар Сурайё мебуд, онро мардоне аз Форс ба даст меоварданд», худ далели шукӯҳу шаҳомати бесобиқа доштани худшиносии миллӣ, илмию фарҳангӣ мардуми ориёиасл мебошад. Фақат «Шарҳи Мулло»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, ки сарфу наҳви забони арабиро фароҳам кардааст, ёдоварӣ кардан кофист, ки нишонгари пурра ташаккул ёфтани худшиносии миллию фарҳангии форс-тоҷик дар он замон мебошад.

Тамоми осори адабии ин шахсони бузург, ки бешубҳа як бахши азими тҷаҳонбинии моро ташкил медиҳад, ба худшиносии миллию фарҳангӣ бахшида шудааст. Аслан тамоми шоирони забардасти миллати мо ҳакимону файласуфоне будаанд, ки фалсафаи баланди ахлоқ ва зебоишиносиро бо забони шеър баён кардаанд. Осори безаволи абармардони миллати мо аз Рӯдакӣ то Аҳмади Дониш, Иқболу Айнӣ ва Туғрал осорихудшиносии миллати тоҷик мебошад.

Ҳадаф аз таҳлили ин гуфтаҳои боло дар он аст, ки халқи тоҷик босарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон 26-сол боз дар фазои сулҳу субот ва ҳамдилӣ зиндагӣ ба сар бурда истодааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Тоҷикистонро танҳо худи Тоҷикистониҳо обод месозанд на каси дигар». Ин андешае аст, ки онро шиори худшиносии милат номем, ки он аз ҳар фарди тоҷик меҳнати созандаю эҷодкоронаро талаб менамояд. Нигоҳ доштани ҳамин ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани он тавассути аз худ намудани дастовардҳои илмӣ- техникии муосир бояд кори ҷонии ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бошад. Якдилию якдигарфаҳмӣ, қадрдонии ҳамдигарии аҳолии Тоҷикистон новобаста ба минтақаҳои сукунаташ шарти асоси пойдории сулҳу ягонагии миллат аст. Мардум бояд дарк кунанд ва бифаҳманд, ки дар дунёи иқтисоди бозоргонӣ ҳеҷ як давлате ба давлати дигар ёрии беғаразона расонидан намехоҳад. Аз ин ҷониб, ҳар як ҷавони тоҷик бояд ба қадри суханони Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида хушёрии сиёсӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба ин сарзамини биҳиштосо бояд шиори зиндагиаш бошад. Танҳо ягонагии миллӣ, дӯстдоштани ватан, ягонагии халқ бо ҳокимияти сиёсӣ ва наздикии ҳокимияти сиёсӣ ба мардум ин неъмати бобаҳоро пойдор намудан мумкин аст.

Толибов Қ.
Немонов Ҷ.
Бобохоҷаева Г.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top