Терроризм масъалаи муҳими глобалии замони муосир

«… кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарабахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда,  фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид»  www.prezident.tj

Дар гӯшаҳои мухталифи дунё нооромию низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳони муосир ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст.

Дар ин давра беш аз 100 давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён ҳарор гирифтаанд. Давлатҳо танҳо дар ҳолати дарк ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ метавонанд ҳамчун субъектони мустаҳил боҳӣ монанд. Таҳлилҳо ва таҷрибаи таърихии баъзе давлатҳо нишон дод, ки аз номуттаҳидӣ ва дарк накардани арзишҳои миллӣ метавонанд заминаи парокандагиии миллатҳо ва халҳиятҳоро фароҳам сохта, давлатро ба нестӣ орад. Таърих исбот намуд, ки Ироҳ, Сурия, Ливия, Яман ва бисёре аз мамолики Африҳои Шимолӣ, Афғонистон ба ин вабои аср дохил мебошанд. Солҳои зиёдест, ки ин кишварҳо ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин гуна носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки аҳаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳанд мафкураи худро ба аксарият бор кунад. Намояндагони экстримизм аз рӯи аҳидаашон ба ду гурӯҳ:

а) фундаменталистони эътимодӣ,

б) экстремисти ифротӣ мебошанд.

Маҳсади асосии ин гурӯҳҳо асосан гумроҳ намудани шаҳрвандон дар ин ё он давлати муосир аст, аммо азбаски дар муборизаи табиии тавассути интихобот дасти ҳудрат намеёбанд. Ночор роҳи муборизаи ғайриҳонунӣ ба ташкили табадуллоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд. Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани шакл гирифтани ҳодисаҳост, ки дар солҳои 90-ум ба вуҳуъ пайвастанд. Ташкилоти экстримистию терористии ҲНИТ беш аз 40-сол дар саҳнаи сиёсатӣ амал намуд. Охирин натиҷаи наҳзатиён табаддулот буд, ки дар он шикаст хурданд. Инчунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табадуллот тавассути нерӯҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон амалан татбиҳ нагардид.

Минтаҳа ва ҷаҳони имрӯзаро даҳшатҳои экстремизм, радикализм, терроризм ва аз ҷониби ташкилатҳои террористи омили дигари ҷиддӣ, яъне васеъ истифода намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи Интернет, телефони мобилӣ, бо маҳсади пешбурди наҳшаҳои ташфиҳотии экстримистӣ ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аъзоҳои нав, омода ва роҳбари намудан ба амалҳои зидди инсонӣ дар сайёра мебошад. Аз ин лиҳоз таклиф менамудем, ки бо тарзу усулҳои гуногун ин сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ низ хориҷ карда шаванд. Ин танҳо бо дастгирӣ ва ёрии ҳамаи давлатҳо, аз он ҷумла, давлатҳои харобгардида, ки онҳо барои дигарон аллакай маълуманд бамаврид аст.

Омили дигари тероризм, экстремизм ва радикализми ҷаҳонӣ муосир гардиши ғайриҳонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии сармоягузории терроризму ифротгароӣ мебошад, ки мушкилоти умумии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Барои пешгирии ин касалии вабо ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла, ҳар як шаҳрванди ҷаҳон бояд мубориза барад. Барои таҳвияти мубориза бо терроризм бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ҳанӯз 12-ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон оид ба муҳовимат бо терроризм ва экстиремизм барои солҳои 2016-2018» ҳабул гардид, ки ҳадафи асосии он пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу харакатҳои ғайриҳонунии террористию ифротгароӣ мебошад.

Яке аз муаммоҳои ҳалталаб роҷеъ ба масъалаи мавриди таҳлил, ин шомилшавии бархе аз ҷавонони мо ба созмонҳои ифротгаро мебошад. Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии динӣ ва ҳамчунин, дунявӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи Интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ, тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

Терроризм масъалаи муҳими глобалии ҷаҳони муосир ба шумор меравад, ки инро ҳатман пешгирӣ бояд кард.

Муаммои мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм имрӯз муҳимтарин арзёбӣ мешавад. Яке аз омилҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои аср ва боздоштани шомилшавии минбаъдаи ҷавонони Тоҷикистон ба ин гуруӯҳҳои ифротӣ метавонад тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифат бошад.

Омили дигари усули ҷалби шаҳрвандон ба терроризму экстримизм ва радикализм ин ҷалб намудани шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ба ҳисоб мервад. Имрӯзҳо шаҳрвандони тамоми давлатҳо аз он ҷумла, давлатҳои абарҳудрати дунё дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳарор доранд. Бояд тавассути ба роҳ мондани тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ ба эҷоди мафкураи зидди терористии тамоили ҷаҳони муосир кӯшиш намудан зарур аст.

Тоҷикистон бо таърих, фарҳанг ва адабиёти худ машҳур гардида, аз ҷумла яке халҳҳои ҳадимтарини дунё ба шумор меравад. Онҳо бо осори шифоҳиву хаттӣ, ёдгориҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла, Саразми бостон, ки соли 2020- 5500 - солагии он ҷашн гирифта мешавад дар тамаддуни башарӣ, саҳми бузург гузоштааст. Решаҳои ин фарҳанги ғанӣ аз тамаддуни ориёӣ маншаъ гирифта, таи 100 солаҳо ташаккул ёфта як ҳисми таркибии он бо шаклу шеваи хос то замони мо расидааст.

Асос ва бунёди ин мероси гаронбаҳоро дӯстию рафоҳат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳад.
Дар ин асос Тоҷикистон ҳама ваҳт тарафдори сулҳу ваҳдати миллӣ ва созандагӣ дар миҳёси ҷаҳони муосир мебошад.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 - майи соли 2018 оид ба мавзӯи “Терроризм ва ифрогароӣ зуҳуроти хатарноки аср” баромад намуда, чунин таъкид намудаанд: “... терорристу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Аз ин лиҳоз ба аҳидаи мо терроризм масъалаи глобалии замони муосир ё вабои аср мебошад ва ҳама ваҳт мо кӯшиш ба ҳарҷ диҳем, ки дар пешгирии он саҳмгузор бошем ва ҷавононро дар рӯҳия ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, барои баланд бардоштани савияи донишҳои онҳо ҳиссагузор бошем. Инчунин барои шомил шудани онҳо дар амали намудани сиёсати меҳанпарастии Пешвои муаззами миллат кӯшиш ба харҷ дода, барои баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон соҳибистиҳлол онҳоро даъват намоем ва аз терроризму ифротгароӣ ва эктремизм халос будани кишвари азизамонро шиори хеш ҳисоб намоем.

Раҷабов Р.К., Ҳусейнов Б., устодони
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top