Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Ҷавонон бар зидди терроризм ва ифродгароӣ

Ҷавонон бар зидди терроризм ва ифродгароӣ

Терроризм - содир намудан амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯбарӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест.

Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани шумораи зиёди одамони бегуноҳ мегардид.

Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, воқеан, таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва мардуми он бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, роҳбарияти кишвар ҷонибдори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм аст. Айнӣ замон масъалаи амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Мо, ҷавонон тариқи расонаҳои хабарӣ хуб дарк кардаем, ки терроризм ва ифратгароӣ оқибатҳои бади марговар дошта, қасди нобудии миллатҳо ва мақсади ғулом гардонидани мардумро дорад.

Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, хеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони аз ин падидаҳои номатлуби асри нав, худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳои террористию ифратгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.

Мо ҷавонони тоҷик пуштибони сулҳу субот, ҳимоятгари мероси ниёгон ва муҳофизони дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ҳастем.

А. Ҳомидов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Ҷавонон бар зидди терроризм ва ифродгароӣ