Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Таҳдиду чолишҳои замони муосир

Таҳдиду чолишҳои замони муосир

«Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». Эмомалӣ Раҳмон (иқтибос аз Паёми навбатӣ 26-декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии ҶТ).

Сарчашмаи тамоми бадбахтиҳо ва носозиҳо ин бехабар будан аз худогоҳии миллӣ, нарасидан ба қадри гузаштагони худ ва саводи кофи надоштан аз дину таърихи хеш, инчунин бепарво будан нисбати меҳану давлати худ мебошад.

Тоҷикистон аз хатари экстремизм ва терроризм дар қатори дигар давлатҳо эмин нест. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ҷавонон бояд барои амнияти кишвар ҳамеша ҳушёр бошанд. Барои пешгири ва бартараф намудани экстремизму терроризм усулу воситаҳои ошкору ниҳонро бояд оқилона истифода кард.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати бисёр муҳим «Стратегияи мубориза бо ифротгарои ва тундгарои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 қабул карда шуд. Яъне ин ҳадаф як мушкилоти маҷмуи буда сабабҳои он сарзадани ин масъала ҳам иктисодӣ ва ҳам омилҳои ғайрииқтисодӣ, яъне иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва паст будани саводи диниву дунявӣ шуда метавонад.

Солҳои охир масъалаи мубориза зидди терроризм дар сиёсати чаҳони рузмарра гаштааст. Терроризмро ҳамчун тахдиди руирост ва хатарнок ба давлатҳои муосир аксари сиёсатмадорон эътироф менамоянд. Аз таҳдиди терроризм ҳеҷ давлат худро эмин дошта наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намояд. Барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои экстремизм ва терроризм усулу воситаҳои ошкорою пинҳониро оқилона бояд истифода бурд.

Аз ин рӯ, дар аксар кишварҳои ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Бояд гуфт, ки экстремизми сиёсӣ одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин, экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар олами муосир масъалаи хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо ва оқибати он харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала доимо Ҳукумати кишварамон чораҳои лозими андешида баҳри амнияти мардуми кишвар саъю талоши ҳамешагӣ меварзад.

Воқеан таъсири террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Чӣ тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб (пайдоиш ва ташаккули ҲНИТ) намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Мақсад аз қабули қонунҳо танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодем, ки дар ҷаҳони ислом вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан ин нуктаро Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм пайваст намуданд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони бегуноҳ мегарданд.

Бояд ҳар як фарди ҷомеаи навини тоҷикон барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Таҳдиду чолишҳои замони муосир