ТЕРРОРИЗМ. НИГОҲЕ БА ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ ИН ЗУҲУРОТИ ОЯНДАСӮЗ

 “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”. 

Эмомалӣ РАҲМОН

 Мафҳуми терроризм, ки аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънои луғавиаш тарсу даҳшат ва дар фаҳмиши истилоҳияш бо роҳи зӯрӣ, ҷазоҳои ҷисмонӣ ва ҳатто бо суиқасду куштор аз байн бурдани рақиби мафкуравию идеологӣ мебошад, ба зоти худ зуҳуроти нав нест. Агар ба таърихи инсоният руҷӯъ кунем, саҳифаҳои он пур аз амалҳои даҳшатбори муташшакилу субъективист, ки онҳо характеру хусусиятҳои террористӣ доштанд. Ҳатто шурӯъ аз пайдоиши инсоният то имрӯз. Бартариҷӯии як шахс бар шахси дигар, таҷовузи як хонавода бар хонаводаи дигар, як қабила бар қабилаи дигар, як халқ бар халқи дигар, ҳуҷуми як давлат бар давлати дигар, аз байн бурдани як империя аз ҷониби империяи дигар, мансур ва муқаддас шумурдани дини худ ва бебунёду мансух донистани дини дигарон ҳамеша заминаи ба амал омадани ин гуна зуҳурот мегардид. 

Таҳлилгарон аввалин нафари қурбоншуда дар натиҷаи амалҳои террористӣ падари Искандари Мақдуниро медонанд, ки соли 340 - и пеш аз милод аз сӯи яҳудон сурат гирифта буд. Сабаби ин воқеа нобаробариву ноадолатии дохилӣ, тезутунд гаштани муносибатҳо ва ҷудоихоҳиву зулми як халқ болои халқи дигар гуфта мешавад. 

Терроризм дар кишварҳои шарқӣ бештар бо номи Ҳасан ибни Сабоҳ дар замони Салчуқиҳо (асри XI) тавъам аст. Аввалин ҳадафашон куштори муаззин Соваҷӣ дар Исфаҳон буд. Доираи фаъолияти онҳо, ки дар Эрон маскан гирифта буданд, аз Сурия то Либия доман паҳн карда, асосан ҳокимону давлатдорон ва пешвоёнро суиқасд мекарданд. Аз ҷумла, дар куштори ғолиб Арсалон, Низомулмулк, Кант Раймонди 2 ва Марк Конрад (шоҳи Урш) ин гурӯҳ даст дошт.  

Бузургтарин амалиёти террористӣ дар қитъаи Амрико (Олами нав) пас аз онро кашф кардани Христофор Колумб (соли 1492) сурат гирифта буд. Соли 1493 Христофор Колумб эъзомияи (экспедитсияи) дуюми худро дар Олами нав ба роҳ монд. Вай ба ин ҷо ғайр аз баҳрнавардон ва коҳинон теъдоди зиёди сагҳоро низ овард. Ин сагҳо барои ҳуҷум ва хӯрдани одамон махсус парвариш мешуданд. Дар рафти эъзомия куштори сартосарии мардуми маҳаллӣ сурат гирифт. Христофор Колумб аз пайи ҷустуҷӯи тилло шуда, ҳамзамон, ҳиндуҳои Амрикоро ҳамчун ғулом мефурӯхт. Мувофиқи қонуне, ки интишор ёфта буд, ҳиндуёни аз 14 - сола боло бояд ҳар се моҳ андоз месупурданд. Дар ҳолати напардохтани андоз ангуштони дастонашонро мебуриданд. Соли 1598 дар як эъзомияи навбатӣ дар тӯли се рӯз 800 нафар ҳинду кушта шуд ва пои чапи мардони аз 25 - сола болоро бурида партофтанд. Занҳои ҳомиларо кушта, тифлҳоро аз батни онҳо берун оварда, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Дар натиҷаи ин амалиёт ҳазорҳо ҳиндуи Амрико ба ҳалокат расид, ки даҳшатноктарин амалиёти террористии он замон ба ҳисоб меравад. 

Худи мафҳуми терроризм ва террорист дар охири асри XVIII пайдо шудааст. Жирондистҳо ва якобинчиёни Фаронса соли 1792 муттаҳид шуда, хостанд шоҳро маҷбур кунанд, то вазиронро бо роҳбарони гурӯҳҳои тундрав иваз кунад. Онҳо ин мафҳумро ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ нисбати худ истифода мебурданд, ки тобиши маъноии мусбат дошт. Аммо ҳангоми инқилоби Фаронса ин мафҳум тобиши манфӣ пайдо кард. Аз ин ба баъд, то имрӯз терроризм маънои ҷинояткориро гирифта, тамоми ҷанбаъҳои гуногуни дорои фишор ва зӯровариро ифода мекунад.

Охири асри XIX ва аввали асри XX шакли дигари терроризм – терроризми динӣ зуҳур кард. Ин шакли терроризмро терроризми динӣ - мазҳабӣ ҳам  ном мебаранд. Асоси ин навъи терроризмро тобиши сиёсӣ - идеологӣ додани дини ислом ташкил медиҳад, ки асосгузорони нахустини он Имом Ҳанбал, Ибни Таймия ва Абдуваҳҳоб бо шиори “бозгашт ба Қуръон” мебошанд. Онҳо нахустин шуда, ба дини ислом тобиши сиёсӣ доданд ва онро ҳамчун идеологияи давлатдорӣ муаррифӣ карданд, ки мақсадашон бозгашт ба аҳди паёмбар Муҳаммад (с) ва бунёди хилофати исломӣ буд. Ин андешаро бунёдгароёни муосир Ҳасани Бано, Саид Қутб, Мавдудӣ ва Ҷамолиддини Афғонӣ дар асри XX бо шиори “ба пеш бо Қуръон” такмил дода, ба таъсиси шабакаҳои террористии байналмилалӣ бо мақсади эҳёи хилофат ва бунёди давлати исломӣ замина гузоштанд. Гурӯҳҳои террористие, ки имрӯз дар кишварҳои Афғонистон, Сурия, Яман, Ироқ ва шимоли Африқо ба амалҳои гуногун даст мезананд ва сабаби нооромиву даҳшатҳои нотакрори тарихӣ гаштаанд, сарчашмаашон ҳамин мактаби идеологӣ аст.       

Ҳамин тариқ, аз солҳои 70 -  уми асри XX доираи фаъолияту амалҳои террористӣ хеле густариш пайдо карда, хусусияти фаромиллӣ касб намуд ва дар ҳамин давра мафҳуми терроризми байналмилалӣ ҳам ба вуҷуд омад, ки акнун на ба як давлат ё минтақа, балки ба кулли кишварҳои олам таҳдид мекунад. 

Дар замони муосир бошад, ҳама гуна шакли терроризмро дучор омадан мумкин аст, вале терроризми миллӣ - нажодӣ ва динӣ - мазҳабӣ бештар фаъол аст. Барои онҳо дигар сарҳади давлативу қитъавӣ аҳамият надорад. Дурнамои фаъолияти онҳо кулли ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, пайравони терроризми динӣ - мазҳабӣ гумон доранд, ки мақсадашон барпо кардани хилофати исломист. Вале муассисон, маблағгузорон ва роҳбарони ин гуна гурӯҳҳо хуб медонанд, ки барои таъсиси чунин хилофат ягон имконият вуҷуд надорад. Баръакс, дар паси ин ташкилотҳо қавму миллатҳои нажодпарасти бузурги ҷаҳонӣ меистанд, ки ҳадафҳои мушаххасу дарозмуддати стратегӣ доранд. 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top