Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ  «ҲНИ-сабабгори шиъамазҳаб шудани мардум»

 «ҲНИ-сабабгори шиъамазҳаб шудани мардум»

           Ақли солим хуб медонад, ки дар нобасомониҳою даргириҳои хунин нақши собиқ Ҳизби наҳзати исломии барало намоён буд. ТЭТ ҲНИ ва роҳбарияти сиёсии он тайи солҳои ахир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гила ва шикваю шикоят домони интиқоди муфизона барзада, боиси мураккаб шудани вазъ дар минтақа гардид. Баъзе расонаҳои ватанию хориҷӣ чандин сол роҳбарияти  ҲНИ ва руҳониёни саршиноси ба он марбутро васф карда, ҳалли мушкилот ва раҳоӣ аз онҳоро дар низоми динӣ-исломӣ қаламдод карданд. Ин бозии расонаҳо роҳбарият ва ихлосмандони ҲНИ-ро рўҳбаланд карда, минбарро барои мавъизаҳою риёкориҳои наҳзатӣ фароҳам сохт. Вақт нишон дод, ки ҲНИ дар даҳсолаи наздик сабабгори хурофотӣ ва шиъамазҳаб  шудани қисмати зиёди мардум гардида, ихтилофангезию иттиҳомзанӣ ба кори рўзмарраи маъмурияти ҳизб табдил ёфта, то имрўз дар хориҷ аз кишвар (албатта, бо сарпарастии хоҷагони беруна) ҳамчунон идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазоӣ пасошуравӣ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият кард. Дар доираи озодиҳои қавонини сохти сиёсии дунявӣ амал кардан барои ҲНИ камӣ кард, даъвои бузургманишӣ ва султагирӣ пеш оварда, тарҳи табаддулоти сиёсиро моҳи сентябри соли 2015 роҳандозӣ намуд.

Бозичаи дасти бозигарони бузурги минтақавӣ будани элитаи сиёсии ҳизб ва рўҳониёни саршиноси ба наҳзат вафодори ҷумҳурӣ имрўз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Имкониятҳои молиявии ҳизб, чи дар ибтидои
солҳои навадум ва чи то соли 2015, аз ҳисоби маблағҳои «хоҷагони беруна» афзун гашта, ҳатто имрўз ҳам ошкору пинҳон ба мухлисони он ёрии маънавию молиявӣ расонда мешавад.

Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ба ном ҲНИ, чи дар гузашта ва чи имрўз, инро мехостанду мехоҳанд: шурангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолат, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ... Ин лоиҳаи сиёсӣ дар соли 1992 «самар» дод ва ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ табдил ёфта буд ва бо фармоиши як муллои чаласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гардад.

Қатлу кушторе, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, бо «ибтикори» ҲНИ ва назарияпардозони он сурат гирифта буд, дар ҷабини миллат ҳамчун доғ боқӣ хоҳад монд. Далелҳои муътамаде, ки дар бойгонии миллат қарор доранд, бозгукунандаи онанд, ки ҲНИ ҳеч гоҳ барои иттиҳоди мардумӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди миллӣ талош накардааст ва намекунад. Эътиқоди мардумро ҳамчун объекти расидан ба ҳадафи ниҳоӣ қарор додан хашинтарин шакли муборизаи сиёсӣ буд, ки наҳзатиҳо дар гузашта ва то соли 2015 аз он истифода карданд.

Ҳамин тариқ, роҳбарияти фирории наҳзатӣ дар симои Кабирӣ ва як идда мухлисонаш дар хориҷ аз кишвар доди ватанхоҳӣ мезананд ва бо фиреби назар дар дили сокинони камогоҳу ноогоҳи ҷумҳурӣ, ки дар фазоӣ амну
суботи сиёсию иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд, тухми кинаву адоват ва туғёну исёнро мекоранд, то ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Ин кам буд, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ имрўз мазҳабфурўш гашта, мазҳаби шиъаро ба худ касб кардаанд. Магар ин хиёнат ба мазҳаб ва имонфурўхтан нест? Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехурад ва рафтан аз қафои онҳоро ор медонад.

 Шарипов А.С

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ  «ҲНИ-сабабгори шиъамазҳаб шудани мардум»