Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Кор ҳар буз нест хирман куфтан

Кор ҳар буз нест хирман куфтан

2 чиз безоранд: Ҳиҷоб ва маҳдудиятҳои озодиҳои инсонӣ, ки бар сари занҳо ваъ кардаанд.  Рафтан ба майдони варзишӣ, суруд хондан, ҳатто ба сони хумори охундҳо қадам задан, аз зумраи маҳдудиятҳо мебошад, ки доираҳои тангназар дар ватани худ наметавонанд ҳукмфармо кунанду ба Тоҷикистон ангушти   тааҷҷуб барин менигаранд. Занҳои тоҷик чун аввалунсури дорандаи фарҳанги миллӣ дар ҳамаи замонҳо ба сарулибоси худ бо эҳтиёти том муносибат намекард.  Сиёҳпӯш ва мотампӯш набуд. Зеро точикҳо ба мисли охундҳои дар фалокати хурофот ғӯтавар, бренди либоспӯшии худро доштанд,  онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоштанд. Чунончи, муаллифи мақолаи        

Барои зани миёнаомории Точикистон, ки душмани хуруфоту ақибнишинӣ аст, кишварҳои пешрафта меъёр ҳастанд. Занҳоро сомонаҳои аловандоз чун «простотудей», зиндабагӯр мекунад. Момаву модарони мо ҳеч вақт ба ин ҳиҷоби сарироҳӣ ва туфта, ки моли мардуми биёбон аст, арҷ нагузоштанд, бо як рӯйсарии одии сафед, зиндагӣ карданд, заҳмат кашиданд, виқори зани тоҷикро ҳифз карданд. Асолати фарҳанги точикро, ки дар либоспӯшӣ ифода меёбад нигоҳ доштанд. Гулдӯзиву чаканро мепӯшиданд, чун гулҳои баҳор бо таровату  тоза буданд. 

Имрӯз чӣ? Ҳиҷобпӯшҳои имрӯза ин ҳамон пиёданизоми ДОИШ ва аҷинаву толибанд, ки муди ҷангҷӯйиро дар ҷомеа амалӣ мекунанд.  Ин рамзсозии сунъӣ ба нафъи ҳалқаҳои торики минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳаст, ки мақсадаш дар чорчӯби либоспушии мардумро маҳдуд кардан ва баъдан дар таҳти ҳамин либос, ба нооромӣ даст задан аст. ДОИШ-ро бинед, аввал ба занҳо талқини либоси сиёҳ кардан, баъдан онро ба байрақи худ табдил доданд. Байрақи одамкушӣ.        

Палидакҳо бо ин сомонаи иғвоангезатон «Ба боми кас санг маандозед, ки баргашта ба худат мезанад», монеи чорабиниҳои муҳим намешавед, иқдоми манъи ҳиҷобпӯшҳо ҳатмист ва пиёда хоҳад шуд. Шумо беҳаёҳо хоҳед ва ё нахоҳед. Ба шумо тавсия медиҳем, миниюбка пушед, зеро ончое ки шумо мардум ҳастед шавқманди ин корҳо зиёд аст.   

Аз ин ҳиҷобҳои имрӯза ҳазар, на иффату доранду на исмат.  Қадамзаниҳо ҳам илҳомбахш ва диқкатҷалбкунанда.    

 

Кор ҳар буз нест хирман куфтан,

Гови нар мебояду марди куҳан

Комрон Султонов, таҳлилгар   

 

      

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Кор ҳар буз нест хирман куфтан