Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Босмачӣ ва манофеи миллӣ

Босмачӣ ва манофеи миллӣ

Худи мафҳуми «босмачӣ»  аз калимаи туркии  «босмоқ» гирифта шуда, маънояш «ҳамла кардан», «ҳуҷум кардан», «ба яғмо бурдан» мебошад. Босмачиён талаву тороҷ ва ғорату ситам намудани мардумро ба «ҷиҳоди исломӣ»  нисбат дода,  ҳаракатҳои худро оини мусалмонӣ мешумориданд. Дар асл пешаи онҳо танҳо куштору харобкорӣ буд.

Ба ибораи дигар ҳаракати босмачигарӣ – ҳаракати туркони манғитӣ ва лақайҳо буд. Аввалиҳо талош доштанд аморати сарнагуншударо аз нав барқарор созанду баъдинаҳо бошанд тороҷу ғоратгарӣ, ки шеваи зиндагиашон буд, ин ин давраро барои анҷоми тохту тоз, бедодгариҳо ва таскини шӯру шари ваҳшиёнаи хислати худ истифода мебурданд. Онҳо гоҳе бо амир буданду гоҳе аз фармонҳои ӯ сар мепечиданд.

Босмачигарӣ зуҳуроти тасодуфӣ  набуда, аз ҷузвҳои асосии занҷираи қувваҳои муттаҳидаи зиддиинқилобӣ ба шумор мерафт.  Тавре аён мегардад, дар ҳаракати босмачигарӣ мавқеи асосӣ ва пешоҳанг ба туркнажодон, алалхусус лақайҳо тааллуқ дошт ва онҳо аз ҷониби амир имтиёзоти зиёдеро дар Бухорои Шарқӣ бархурдор буданд. Сабаби аслиаш он буд, ки дар пахш кардани эътирозу шӯришҳо ва норозигиҳои мардуми кӯҳистон амирони Бухоро маҳз лақайҳоро ҳамчун  дастгоҳи ҷазодиҳанда истифода мебурданд. Чанд нафар қурбошиёни  тоҷик, ки ҳам буданд, дар дараҷаҳои сеюму чаҳоруму ғайра, бевосита таҳти фармонбарии онҳо қарор доштанд ва он қадар нуфузи асарбахше дар ин ҳодисаҳо надоштанд, зеро онҳо танҳо нақши иҷрогари амрҳоро мебозиданд

Муборизаи онҳо ҳеҷ робитае бо ватанхоҳӣ ва ҳимояи манофеи миллати тоҷик надошт. Онҳо дар хизмати бегонагоне қарор доштанд, ки баҳри баргардонидани амири манғити Бухоро ба тахти «вожгунаш» ва ё бунёди «Туркистони бузург» хизмат мекарданд. Нафаре аз ин гурӯҳ ҳуқуқ надошт, ки мустақилона сари масъалае тасмим гирад ва бечуну чаро фармудаҳои саркардаҳоро мекарданд. Дар давраи босмачигарӣ, вақте сухан аз боби манофеи тарафҳои даргир мерафт, вожаҳои Тоҷик ва давлати Тоҷикон вуҷуд надошт. Сухан танҳо аз боби барқарор намудани аморати манғитиҳо, таъсиси Туркистони бузург ва «ҷиҳоди муқаддас дар роҳи ислом», ки он ҳам ҳамчун воситае барои ҷалби деҳқонони камбағалу бесавод ба сафи босмачиён истифода мегардид, меравад. Иштироки тоҷикон дар ҳаракати босмачигарӣ ба ҳеҷ минвол ҷанбаи миллӣ ё озодихоҳию ватандӯстӣ надошт. Онҳоро ҳеҷ гоҳ қаҳрамон шуморидан наметавонем, зеро таҳти парчами бегонагон ва барои манфиати ғайр мубориза бурданд. Бо пирӯзшавии онҳо тоҷик ҳеҷ гоҳ истиқлолияти миллӣ ва давлатии худро дарёфт намекард. Саркардагони босмачиёни тоҷик ашхосе буданд дур аз фазлу дониш, ҷоҳил ва иҷрокунандаи амру фармонҳои амири Бухоро ва дигар фармонравоёни турк. Ҳадафи аслии муқовиматашон бо сохти шӯравӣ дар марҳилаи аввали босмачигарӣ нигоҳ доштани қудрат ва боигарии худ дар маҳалҳои таҳти фармонашон буд ва дар марҳилаи баъдӣ бозгардонии давлату сарвати ба камбағалу нодорҳо аз ҷониби Ҳукумати Шӯравӣ тақсимшуда. Босмачиёни қаторӣ бошанд, онҳое буданд, ки аз бесаводӣ фирефтаи муллою эшонҳои мутаассиб гашта, бо шиорҳои дур аз мантиқи инсонӣ, бо калтаку белу каланд бар зидди тиру туфанг  ба «ғазавот» бархостанд. Ин гурӯҳро гумроҳ гуфтан дуруст аст ва иллати аслии гумроҳшавии онҳо бесаводӣ буд. Маҳз бесаводии оммаро истифода намуда, як иддаи кӯчаки бойҳо, муллоҳою эшонҳои чалласавод онҳоро ба манфиати худ истифода мебурданд. Табақаи сарватманд, босмачиҳо ва саркардаҳои онҳо душманони ашаддии илму маърифат буданд. Онҳо дақиқ медонистанд, ки фақат бесаводию ҷаҳолат қишри камбағал, коргару деҳқонро дар ғуломии онҳо нигоҳ медорад. Ҳамин сабаб буд, ки онҳо дар замони ҳаракати босмачигарӣ зарбаи аввалро ба мактаб мезаданд.

Ашхосе, ки аз босмачиён симои қаҳрамони миллат сохтан доранд, боре  наандешидаанд, ки пирӯзии босмачиҳо тақдири миллат ва давлати Тоҷикро чӣ мекард. Боз асрҳо бардагии турк, ҳамон таассуби динӣ, ҷаҳолату торикӣ ва исёну шӯришҳои ваҳшиёна.

 

Саидзода С.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Босмачӣ ва манофеи миллӣ