Офтобро бо доман пӯшонда намешавад

Кишвари офтобиамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҷашни 27-умин солгардашро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намудем, рӯз то рӯз ободу зебо ва сатҳи зиндагии мардумаш боз ҳам беҳтару хубтар гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибори бештар пайдо карда истодааст. Воқеан ҳам дастовардҳое, ки кишвари азизамон тайи солҳои истиқлолӣ ба даст овардааст хеле зиёданд ва онҳо баёнгари ҷаҳду талош ва заҳматҳои ҳамешагии мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

         Дар ҳақиқат имрӯз ба кадом гӯшаву канори ҷумҳурӣ назар наафканем, ба хубӣ мебинем, ки ин ё он минтақа (ҳатто дурдасттарин гӯша)-и мамлакат хеле рушд карда симояш бо куллӣ тағйир ёфтааст. Вале аз чи бошад, ки бадхоҳону нотавонбинони миллату давлат дастовардҳои беназири кишвари азизамонро нодида гирифта ба он баҳои ҳаққонӣ намедиҳанд, баръакс ба сараш тӯҳмату бӯҳтонҳои зиёдро бор карданӣ мешаванд ва бо ин рафтору амалҳои ноҷавонмардонаашон обрӯю эътибор ва нуфузи ватани азизамонро дар миқёси байналмилалӣ паст заданӣ мешаванд. Вале онҳо дарк намекунанд ва фаромӯш кардаанд, ки ба суханҳои беасос ва иғвогаронаи онҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бовар намекунанд ва аз дастовардҳои беназири давраи соҳибистиқлолӣ, ки воқеан ҳам хеле зиёданд, ифтихор мекунанд.

         Ба андешаи мо он нафаронеро, ки рушди босуботи Тоҷикистон ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми онро дидаю дониста инкор мекунанд, зарур аст, ки мақоли халқии «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад»-ро ба ёд биоранд. Кас ҳайрон мешавад, ки нотавонбинони миллат сафедро сафеду сиёҳро сиёҳ нагуфта, онро таҳриф мекунанд, бехабар аз он ки мардуми шарафманди Тоҷикистон, ки шаҳди истиқлолиятро чашидаанду ба шарофати он номи тоҷику давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд, ба тӯҳмату бӯҳтон ва суханҳои беасоси хоинону натавонбинони миллат бовар намекунанд.

Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки мақсаду маромашон амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳисса гузоштан дар рушди ҳамаҷонибаи ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ба ҳеҷ ваҷҳ гуфтору амалҳои ғаразноки хоинону ватанфурӯшони миллатро, ки даъвои ватанхоҳӣ мекунанду дар асл ба шаъну шарафи он иснод меоранд, ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top