Роҳ ба сӯи рушду шукуфоӣ

Як ҳафта пеш дар шаҳри Варшаваи кишвари Полша ҷаласаи Дафтари ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо иштироки нерӯҳои мухолифин ва аъзои ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон доир гардид, ки дар он хоинону ватанфурӯшони миллати тоҷик бо иғвогарию дасисабозӣ ва муноқиша пархошҷӯи бо намояндагони расмии Ҳукумати кишвар мақсаду ғаразҳои нопоку матраҳшудаи худро ба ҷомеаи мутамаддин нишон доданд.

Душманони миллату меҳани бостонии тоҷик бо роҳу воситаҳои гуногун мехоҳонд, ки худро нерӯҳои демократию инсонгаро, ҳомии ҳуқуқи башар ва озодии инсон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд ва симои давлату Ҳукумати Тоҷикистонро бо гуфтору рафтори ноодилонаю муғризонаи худ ба таври манфию ғайридемократӣ арзёбӣ кунанд.

Аммо имрӯз ҷаҳони мутамаддин, мардумии шарифи тоҷик ва, бавежа, ҷавонони саодатёри он ҳадафу ғаразҳои нопок ва чеҳраи аслии ватанфурӯшону хоинони давлату миллати куҳанбунёди моро равшану бармало медонанд ва ҳаргиз фирефтаи аъмоли зишту афкори пасти мухолифону душманони кишвари истиқлолманди тоҷикон нахоҳанд шуд.

Кунун мухолифини тоҷик дар сароби андешаву пиндорҳои ботилу афсонавии худ зиста, ба хотири манфиатҳои нафсонию гурӯҳӣ дину мазҳаб ва модару меҳани ниёгонро фурӯхтаанд ва теша ба решаю асолати хеш мезананд. Чунин афроди бегонапараст ҳаққу ҳуқуқи маънавию ахлоқии аз номи давлату миллати тоҷик сухан гуфтанро надоранд.

Сарфи назар аз кӯшишу дасисабозиҳои мухолифин давлати тозаистиқлоли тоҷикон чун субъекти бонуфузи муносибатшҳои байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст ва дар зарфи 27 соли истиқлолият дар ҷодаи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба дастоварду муваффақиятҳои бузурге дастёб гардидааст.

Кишвари мо бо қадамҳои устувору музаффарона дар роҳи истиқлолхоҳию давлатсозӣ, худшиносию худогоҳӣ, зинда гардонидани ойину суннатҳои ниёгон ва бунёди ҷомеаи демократию мардумсолор дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафта истодааст.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузургу созандаи кишвар ва таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маслиҳату машварати ватанфурӯшону бардагони хоҷагони хориҷӣ ниёзе надорад ва онҳо бо афкору аъмоли ғаразноки худ давлату миллати фарҳангсолори тоҷикро ҳаргиз аз роҳи бунёди ҷомеаи озоду демократӣ ва аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушдёфта баргардонида наметавонанд.

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top