Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Мо ба ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ дар супурдани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ комёбию муваффақиятҳо таманно менамоем.

Худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон

Инсоният дар замони муосир ба ҳазорсолаи сеюм ворид гардид ва дар ибтидои ин марҳалаи сарнавиштсози таърихӣ инсони мутамаддин ба вазъияти буҳронии шадиди маънавию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ҷангу хунрезиҳои мазҳабӣ, ва таҳаввулоту муноқишаҳои амиқи сиёсӣ рӯ ба рӯ омадааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун ҷузъи таркиби ҷаҳони имрӯза аз доираи равандҳои мураккабу печидаи кунунӣ дар канор нест ва дар назди давлату миллати фарҳангсолори тоҷикон масоили муҳиму мубрами устувор гардонидани истиқлолияти сиёсию миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишвар, ҳифзи марзу буми мамлакат, боло бурдани фарҳанги сиёсӣ ва маънавияту маърифати шаҳрвандон, бавежа, ҷавонон ва рушди муназзами иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст.

Дар замони мо падидаҳои иртиҷоии терроризму ифротгароӣ, ҷалби ҷавонони камсаводу ноогоҳ ба сафи ниҳоду созмонҳои террористӣ, густариши ғояҳои эктремистӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъол шудани душманону хоинони давлату миллати тоҷик ва суистифодаи дини мубини ислом аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба дид меоянд.

Душманони миллати сарфарози тоҷик бо андешаю ақидаҳои муғризонаю нопоки худ дар шабакаҳо иҷтимоӣ мехоҳанд, ки вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон маҳбубиро ноустувор гардонанд ва ҳамчун зархариду гумоштан хоҷагони хориҷӣ низоми сиёсии давлати соҳибистиқлоли моро дигаргун кунанд.

Ин душманони давлату миллати тоҷик ба хотири манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ ва пулию молӣ эмону виҷдон, мазҳабу меҳан ва миллату модари худро фурӯхтаанд.
Онҳо бо ин аъмоли зишту ноҷавонмардона зарару зиёни маънавию рӯҳии худро ба шаҳрвандони мо мерасонанд ва ҳамеша дар пайи гумроҳ намудани ҷавонону наврасони тоҷик мебошанд, бехабар аз он ки онҳо теша бар решаи худ мезананд ва чунин нафарони пасту нопокро ҳаргиз миллати меҳан намебахшад.

Имрӯз ҷавонони кишвар худшиносу худогоҳ ва дорои маърифати баланду зиракии сиёсӣ мебошанд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба рушду такомул ва ободию шукуфоии Тоҷикистон нигаронида шудааст, комилан, ҷонибдорӣ мекунанд.

Мо, ҷавонони тоҷик шукру сипос аз ободию озодии Ватан, аз истиқлолияти миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон менамоем ва ҳаргиз намегузорем, ки дигар душманону ватанфурӯшон ва хоинони миллату давлати соҳибистиқлоли мо афкору ақидаҳои ғаразноку иртиҷоии худро дар сарзамини биҳиштосои мо амалӣ кунанд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ