Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Мо ба ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ дар супурдани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ комёбию муваффақиятҳо таманно менамоем.

Худсафедкуниҳои беасоси наҳзатиён

ё худ ҷавоб ба изҳороти “ВКД баёнияро нохонда, беасос номид”
Дар урфият мегӯянд, ки “Каҷ шину суханро рост гӯй”. Воқеан ҳам баёнияи ахири ҲНИТ ягон хел асос надорад. Чунки ин ҳизб ба таври қонунӣ ҳизби террористӣ эътироф шудааст ва суд фаъолияти онро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мамнӯъ эълон намудааст.

Дар ҳоле, ки ҲНИТ ва аъзоёнаш хилофи Оинномашон амал карда сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва марги ҳазорҳо нафар мардуми бегуноҳ гардидаанд, оё ҳуқуқи маънавии даъво карданро доранд? Ҷавоб яктост, не!

Наҳзатиҳо бо овардани факту рақамҳои бардурӯғе, ки гӯё боздошту шиканҷаҳо аз ҷониби Ҳукумат нисбаташон идома дошта, беш аз сад нафар узв ва тарафдорони ин ҳизб дучори боздошту шиканҷа гардидаанд ва панҷ нафари ин боздоштшудаҳо то ҳол дар СИЗО қарор дошта, 27 – нафар аз 3 то 25 сол ба зиндон ҳукм шудаанд, худро сафед карданӣ шуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба раҳгумӣ андохтанианд.

Вале яқин ин тирашон хок хоҳад хӯрд. Чунки ҳар амалро подошест.
Хуб кардӣ раҳмат мешунавӣ, бад кардӣ ҷазо мебинӣ.

Рафтору амалҳои ноҷавонмардонае, ки намояндагони ин ҳизб таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон замони ҷанги шаҳрвандӣ ва имрӯз ҳам ба Тоҷикистон ва мардуми он кардаанд, чун об ба ҳама равшананд.

Хуллас, наҳзатиҳо мехоҳанд, ки бо туҳмат ва далелҳои беасос худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сафед кунанд. Вале чеҳраи нопок ва амалҳои зишти онҳо ба кулли мардуми тоҷик ва тоҷикистониён маълум аст.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ