Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии соли нави таҳсили 2018-2019 ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар кору таҳсил ва зиндагиашон барору комёбиҳо таманно доранд.

Дар партави сиёсати муваффақона

9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти комили сиёсию иқтисодӣ расид ва дар заминаи ин рухдоди бузургу сарнавиштсоз кишвари куҳанбунёди тоҷикон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад ва миллати фарҳангсолори мо ба сӯи шинохти таъриху фарҳанги ғановатманди худ, худшиносию худогоҳӣ, эҳёи ойину анъанаҳои ниёгон, аз ҷумла, Наврӯз, Сада, Меҳргон, арҷ гузоштан ба маънавияту маърифати волою инсонсоз роҳи мурод мепӯяд.

Дар даврони истиқлолияти кишвар фарҳанги маънавии миллат рушд кард ва шуури иҷтимоии он такомул ёфт. Қонуни миллии кишвар «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шудааст, дар замони коҳиш ёфтани маънавияту ахлоқ, исрофкорию зиёдаравӣ, ифротгароию тундравӣ ва раванду чолишҳои муассир ҳамчун қонуни муҳиму зарурӣ ба тафаккуру зиндагӣ ва иҷтимоиёту иқтисодиёти мардуми тоҷик таҳаввулоту тағйироти афзунеро ворид кард.

Дар Тоҷикистон барои мардуми мусулмон фазои динӣ озоду созанда аст ва ҳар як мусулмон фароизи динии худро озодона иҷро менамояд. Шумораи масҷидҳо дар замони истиқлолият чанд баробар афзун гардид ва ҷашнҳои динии Рамазон ва Қурбон аз ҷониб муслимини кишвар гузаронида мешаванд.

Солҳои охир бо шарофати озодию ворастагӣ ва сиёсати фарҳанг паваронаи роҳбарияти олии кишвар аз ҷониби занону бонувон ва ҷомеаи имрӯзаи кишвар таваҷҷуҳи вежа ба фарҳангу либоси миллӣ зоҳир карда мешавад, чун либоси миллӣ, ба мисли атлас, адрас ва чакан баёнгари андешаи миллӣ ва ҷузъи таркиби фарҳанги моддии миллати тоҷик аст.

Тоҷикистон субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аст ва роҳбарияти олии кишвар дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ва фарҳангӣ сиёсати муваффақу созандаро пеш мебарад ва кулли мардуми шарифи тоҷик, бавежа, ҷавонони саодатманди он аз ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҷонибдорӣ менамоянд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ