Он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест

Дар қаламрави Тоҷикистон, дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи Ташкилоти террористию экстримистии ҲНИТ ибтидои солҳои навадуми асри бист ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад, ки яке аз мусибатҳои гӯшношунид дар чанд қарни ахир ба ҳисоб меравад.Дар миёни ҷангу даргириҳо, ки тайи таърихи миллӣ рух задаанд, ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум бо талафоти зиёд ва бераҳмиҳои махсуси ҷангиёни наҳзатӣ фарқ дорад. Мутаассифона, ин ҷанги хонумонсӯз ҷони ҳазорон нафарро гирифта, боиси оворагию бадбахтии мардум гардид.Рӯҳониёни мутаассиби назҳатӣ аз ҷумла, Маҳмадалии Ҳайит худро ислоҳотгари динӣ вонамуд карда, дар ниқоби ҳомиёни дини ислом ба арсаи сиёсат ворид гардидааст. Афкору аъмол ва тору пудашро хурофоту таасуби асримиёнагӣ ташкил медиҳад.

Ҳарчанд ки роҳбарияти қаблӣ ва имрӯзаи наҳзатӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ худро заррае муқассир намедонад, аммо ташкилоти экстремистию террористӣ ҲНИТ ба унвони ташаббускору муҳаррики асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта мешавад.Мардум ҳаргиз он бадбахтиҳоеро, ки ҲНИТ дар садаи бистум бо қатлу куштори қишри зиёиёни асил ба вуҷуд оварда буд, фаромӯш нахоҳад кард.

Вақт собит намуд, ки ҳизби мазкур қудрат ва саҳмгузорӣ дар рушди иќтисодӣ ва ичтимоии кишварро надошт. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расмӣ натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи Ислом ва суистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои иғвоангезро ба роҳ мондааст. Ходисахое, ки бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим рўй дод, бори дигар манбаъҳои маблағгузор ва пуштибонҳои ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро нишон дод.

Аз ин рӯ, ба хотири хифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рӯзафзуни он моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеаи худ саъю талош варзем.

Мо фаъолияти ошкорову пинҳонии ташкилоти экстремисти-террористии ҲНИТ-ро сахт маҳкум намуда, кӯшиш менамоем, насли наврасро дар руҳияи эҳсоси баланди миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳони муаррифӣ карда тавонанд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем идеологияҳои созандаро рӯи кор гирифта, дар ҷаҳони бархўрди тамаддунҳо, рӯйдодҳои тезутунди сиёсӣ, муборизаҳои мазҳабӣ худро аз онҳо муҳофизат намоем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top