ВОКУНИШИ ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ СУХАНОНИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН, КИ ДАР ПАЁМИ МАРДУМ НАШР ШУДА БУД.

Муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин! Ҷаноби Паёмбари Акрам ҳеҷ вақт ба иѓвову амалҳои шайтонӣ даст назада буд ва баръакс гуфта буд, «Дӯст доштани Ватан гӯшае аз имон аст». Бале он имоне, ки имрӯз аслан дар ниҳоди шумо ва ҳаммаслаконатон заррае вуҷуд надорад.

Шумо, ки имрӯз аз фармудаҳои Худову Расул ҳарф мезанед, магар месазад, ки ба миллати худ ба роҳбари давлати худ, ки мардум ӯро ҳамагӣ дар атрофаш чун ҳалқаи занҷир баҳри ободии кишвар гирд омадаанд, санги маломат бизанед. Аслан огоҳ бошед, агар ҳамаи шумо садоятонро дар тамоми кураи замин паҳн кунед ва ҳамаро ба доми фиреби худ бикашед эътибору мартабаи Пешвои миллат заррае кам намешавад. Вале ҳайҳот, ки ба ҷони худ ҷабр мекунед ва аллакай аз дину мазҳаб берун шудаед.

Аввалан бояд ба шумо бигӯем, ки ин мард ду даҳсола не, се даҳсола миллати тоҷикро роҳбарӣ намуда, танҳо бо хоҳиши ин мардум баъд иқдом мегирад, ки ҳоло халқ ин хоҳишро то 20 солаҳои дигар дар дил надоранд. Бояд бидонед, Муҳаммадиқболи Садриддин, ин амали шумо даъвати оммавист, ки тибқи қонун ҷинояти нобахшиданист ва мо шуморо ҳеҷ гоҳ намебахшем.

Бояд бидонед, ки мусалмон дар моҳи мубораки Рамазон нисбати миллат ва давлати хеш ин гуна санг намезанад. Баъдан Нурӣ ҳам монанди шумо ба доми хоҷагони Ирониаш афтида буд ва билохира чӣ шуд?

Бинед, ки Чин, Русия ва дигар кишварҳо чӣ гуна роҳбаронашон бо кишвари мо ва роҳбари мо дӯстӣ доранд. Фаромуш накунед мо ҳеҷ вақт имкон намедиҳем то ки заррае кишвари мо ноором шавад.

Зинда бод Пешвои миллат ва миллати тоҷик! Мо миллати воҳид ва иттифоқем ва бо Пешвои миллатем!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top